Эътирози шадиди яке аз имомхатибони Тоҷикистон ба Исломситезӣ дар ин кишвар
Нахустин бор яке аз имомхатибони масҷиди ҷомеи Тоҷикистон аз ташдиди иқдомоти Исломситезона дар ин кишвар сахт интиқод кард.
Ба гузориши сайти “Ахбор”, Сайид Муҳтадии Қаротегинӣ, имомхатиби масҷиди ҷомеи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар вилояти Хатлон, дар яке аз суханрониҳои худ дар ҷамъи мардум аз барномаҳои зиддиисломии ахир дар Тоҷикистон ба шиддат интиқод кард.
Вай гуфт: “Риши мусалмононро тарошиданд, ҳиҷоб аз сари занони мо бардоштанд, масҷидҳо ва мадрасаҳоро бастанд ва акнун бо пахши барномаи “Микрофони озод” аз телевизиони давлатӣ алайҳи қурбонӣ кардани мусалмонон шиор медиҳанд”.
Эшони Муҳтадӣ афзуд, онон ки худро мусалмон медонанд аз ин барномаҳо дифоъ ҳам мекунанд, вой бар ин мусалмонӣ. Худованд аз чунин Ислом ва мусалмонӣ безор аст.
Вай таъкид кард, ки бояд ин навъ аъмоли зиддиисломиро на ба номи Ислом ва мусалмон, балки ба низоми лоики ҳоким муртабит донист.
Ахиран муқобила бо пӯшиши исломии бонувон дар Тоҷикистон ташдид шуда ва танҳо дар 10 рӯзи ахир аъзои гурӯҳҳои кории вижаи таблиғи фарҳанги миллии бонувони тоҷик дар кӯчаҳо ва хиёбонҳои шаҳри Душанбе дар гуфтугӯ бо беш аз 8 ҳазор бонуи боҳиҷоб, аз онон хостаанд, ки аз ин навъ пӯшиш даст бикашанд.