Дархости таваққуфи муваққати фаъолияти Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон
(last modified Wed, 23 Aug 2017 16:09:45 GMT )
Август 23, 2017 21:09 Asia/Dushanbe
  • Дархости таваққуфи муваққати фаъолияти Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон

Як масъули Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон таваққуфи муваққати фаъолияти ин ҳизбро дар дохили ин кишвар хостор шуд.

Toptj ба нақл аз Алим Шерзамонов, масъули Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон дар вилояти Бадахшон, ки ҳамонанди теъдоде аз мақомоти ин ҳизб дар хориҷ ба сар мебарад, иллати ин пешниҳодро номуносиб будани фазои сиёсии ин кишвар унвон кард .

Ба гуфтаи Шерзамонов, дар шароити сиёсии ҷории Тоҷикистон Ҳизби сотсиал-демократ таҳти фишорҳои шадид қарор дорад ва наметавонад ҳатто нишастҳои расмии худро баргузор кунад .

Вай таъкид кард, пас аз мамнуияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дигар фазои солим барои фаъолияти аҳзоб, гурӯҳҳои сиёсии мухолиф, матбуоти мустақил, созмонҳои иҷтимоӣ ва мунтақидони ҳукумат вуҷуд надорад .

Мавзуе, ки Шерзамонов ба онҳо ишора кардааст, албатта аз муддатҳо пеш қобили пешбинӣ буд. Дар воқеъ, ин пешбиниҳо аз фардои имзоии мувофиқатномаи сулҳи Тоҷикистон буруз пайдо кард. Ҷое, ки ибтидо мафоди ин мувофиқатнома бо иҷбори давлати вақти Тоҷикистон иҷро шуд ва сипас таи як бозаи замонии миёнмуддат ҳамаи талоши давлатмардони тоҷик бар он қарор гирифт, ки фаъолиятҳои ҳамаи аҳзоби оппозитсияро гом ба гом ба рукуд кашонда, таътил кунад.

Рӯйкардҳои давлати Душанбе низ барои иҷрои ин сенария қобили пешбинӣ буд ва баргузории интихобот аъам аз интихоботи парлумонӣ ва раёсатҷумҳурӣ мақтае буд, ки шиддати амал ва ташдиди маҳдудиятҳо барои фаъолиятҳои сиёсии аҳзоб ба авҷи худ мерасид. Бароянди ин вазъият низ касби курсиҳои ҳаддиаксарӣ барои ҳизби ҳоким буд ва курсиҳои ҳаддиақалӣ низ барои аҳзоби мунтақиду мухолифи давлат ҳадафгузорӣ шуда буд.

Ҳадафи аввалия ва аслии давлати Душанбе низ ба ҳошия рондани ҳизби матраҳи наҳзати исломии Тоҷикистон буд. Сирфан ба ин ҷиҳат, ки Ҳизби наҳзати исломӣ танҳо ҳизби қонунии фаъол дар арсаи сиёсии ҷомеаи Тоҷикистон ва ҳатто минтақаи Осиёи Марказӣ аст, ки ба лиҳози ҳимояти иҷтимоӣ дар муқоиса бо дигар аҳзоби тоҷик ҷойгоҳи вижа дорад. Лизо бадном кардани ин ҳизб ва ба ҳошия рондани он дар дастури кори давлат қарор гирифт ва ниҳоят ин ҳизб мамнуъ шуд.

Дар чунин шароите аммо, ҳеч як аз аҳзоби ҳозир дар саҳнаи таҳаввулоти сиёсӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон аз Ҳизби наҳзати исломӣ ҳимоят накарданд. Мулоҳизоте назири вобаста донистани онҳо ба Ҳизби наҳзати исломӣ ва ё ҳатто нигаронӣ аз рафтори мушобеҳи давлат бо аҳзоби мухолиф назири рафторе, ки бо танҳо ҳизби исломӣ ва қонунии Тоҷикистон шуд, бахше аз мулоҳизоти дигар аҳзоб дар вокуниш ба рафторҳои сахтгаронаи давлат буд. Натиҷа онки акнун Алим Шерзамонов ба далели номуносиб будани фазои сиёсии кишвар, пешниҳоди таътилии фаъолияти ҳизби матбуи худро матраҳ мекунад.

Дар ин сурат ҳатто наметавон тасаввур кард, ки ин изҳороти мақоми ҳизбии тоҷик дар хидмати давлати ҳоким аст ва ё дар хидмат ба Ҳизби сотсиал-демократ ва аъзову ҳаводорони он, ҳарчанд, ки бархе маҳофили сиёсии тоҷик ин пешниҳодро на хидмат, ки зарар ба ҳаёти демократия дар Тоҷикистон медонанд. Иттиҳоме, ки албата ҳарчанд нохоста, аммо ба ҷиҳати солҳо сукути аҳзоби мухолифи давлати Тоҷикистон дар қиболи рафтори давлати ҳизби ҳоким алайҳи Ҳизби наҳзати исломӣ, мутаваҷҷеҳи раҳбарони Ҳизби сотсиал-демократ ва соири аҳзоби тоҷик мешавад .