Август 26, 2017 09:44 Asia/Dushanbe
  • ВУД дар ҷустуҷӯи наздикони кӯдаки тоҷики пайдошуда дар Ироқ

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи наздикони духтари 8 -солаи тоҷике ба номи Марям аст, ки дар яке аз парваришгоҳҳои Бағдод аз сӯйи гузоришгарони шабакаи телевизионии “Раша Тудей” шиносоӣ шудааст.

Ба гузориши сайти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, гузоришгарони шабакаи телевизионии “Раша Тудей” гузорише пахш кардаанд, ки нишон медиҳад, шумори зиёде аз кӯдакони бесарпарасти аҳли кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар ин парваришгоҳ нигаҳдорӣ мешаванд, ки ба гуфтаи онон дар ин миён Марям аҳли Тоҷикистон аст.

Марям дар ин гузориш гуфтааст, ки дар Миср ба дунё омада, ду бародар ва хоҳар низ доштааст ва бар асари партоби мушак ба маҳалли зиндагиашон, волидайн ва наздиконаш кушта шудаанд.

Гузоришгарони шабакаи телевизионии “Раша Тудей” гуфтаанд, ки ба эҳтимоли зиёд падари Марям ба гурӯҳи террористии ДИИШ пайваста ва аз Миср ба ҳамроҳи хонаводааш ба Ироқ омадааст.

Ин гузоришгарон муддаӣ шудаанд, ки дар ин парваришгоҳ се кӯдаки дигарро низ мушоҳида кардаанд, ки эҳтимол дорад волидайни онон аҳли Тоҷикистон бошанд, ки дар Ироқ кушта шудаанд.

Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуфтааст, ки дар пайи ёфтани наздикони Марям ҳастанд.

Бар асоси гузориши Созмони Милали Муттаҳид, ҳамакнун дар қаламрави Сурия ва Ироқ 234 хонаводаи тоҷикистонӣ, иборат аз 840 нафар ҳузур доранд, ки 309 нафари онон мард, 279 нафар зан, 142 нафар писар ва 110 нафар духтар ҳастанд.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки дар ду соли ахир 19 хонавода, иборат аз 61 нафарро аз Сурия ва Ироқ хориҷ кардаанд.

 

Барчасп