Август 26, 2017 15:28 Asia/Dushanbe
  • Коршиноси тоҷик: Созмони Шангхай дигар барои Эрон ҷаззобият надорад

Коршиноси сиёсӣ ва иқтисодии тоҷик гуфт, бо лағви таҳримҳои Шӯрои амнияти Созмони Милал, узвият дар Созмони Шангхай дигар барои Теҳрон ҷаззобият надорад.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Нуралӣ Давлат, коршиноси масоили сиёсӣ ва иқтисодии тоҷик гуфт, Теҳрон аз сӯе аз равобити дуҷонибаи хубе бо бозигарони аслии созмони Шангхай бархӯрдор аст ва аз сӯи дигар бо лағви таҳримҳои Шӯрои амният алайҳи Эрон, узвият дар Созмони Ҳамкории Шангхай барои ин кишвар аҳамияти худро аз даст додааст.

Ин коршиноси сиёсӣ- иқтисодии тоҷик бо ишора ба равобити хуби Теҳрон ва Маскав ва асноди ҳамкории густурда байни ду кишвар, афзуд, Пекин низ ҳозир нест, бозори Эронро ба рақибони худ вогузар кунад ва ба ҳамин далел буд, ки дақиқан як ҳафта баъд аз лағви таҳримҳо дар соли 2016 милодӣ ҳайати чинӣ, таҳти раёсати Шӣ Ҷин Пинг, раисиҷумҳури ин кишвар вориди Теҳрон шуд.

Вай бо ёдоварии мухолифати Тоҷикистон бо узвияти Эрон дар Созмони Ҳамкории Шангхай дар нишасти июни соли гузашта дар шаҳри Тошканд, тасреҳ кард, ба назар мерасад, ки Душанбе дар ояндаи наздик тасмими худ дар ин замина тағйир нахоҳад дод.

 

Барчасп