Август 26, 2017 20:38 Asia/Dushanbe
  • Як кушта ва як захмӣ дар гаравгонгирӣ дар Дарвоз

Ҳодисаи гаравгонгирӣ дар қисми нерӯи марзбонии Тоҷикистон, мустақар дар ноҳияи Дарвози вилояти Бадахшон, бо кушта шудани омили ин иқдом ва захмӣ шудани гаравгон ба поён расид.

Ба гузориши саойти “Ахбор”, сарбозе, ки рӯзи 25-уми август афсари як қисми марзбонӣ дар ноҳияи Дарвозро ба мӯҳлати се соат гаравгон гирифта буд, кушта шудааст. Aз ин сарбози кушташуда Хонов Сафарбек (соли таваллудаш 1997), сокини ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, ном мебаранд.

Марзбонон эълом кардаанд, ки музокираи 3 соата бо Хонов Сафарбек барои озодии ин афсар, бидуни натиҷа буда ва ӯ иқдом ба шиллики гулӯла ба сӯи фармондеҳони ин қисми нерӯи марзбонӣ кардааст, ки дар дар пайи табодули оташ, гаравгонгир кушта ва афсари гаравгон аз қисмати гардан захмӣ шудааст, ки акнун дар бемористони шаҳри Хоруғ, маркази вилояти Бадахшон бистарӣ аст.

Ба гуфтаи фармондеҳи ин воҳиди нирӯи марзбонӣ, то поёни хидмати Сафарбек Хонов 6 моҳи дигар боқӣ монда буд.

Муҳаммад Улуғхоҷаев, сухангӯи Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, рӯзи 26-уми август дар сӯҳбати телефонӣ вуқӯи ҳодиса дар Дарвозро тасдиқ кард, вале аз шарҳи бештар худдорӣ намуд. Ӯ гуфт, "ҳодиса тафтиш мешавад. То тафтишот пурра маълум накунад, чизе гуфта наметавонем.”