Замони дақиқи озодии Шӯҳрат Қудратов мушаххас нест
Масъулони ҳизби Сотсиал-демократи Тоҷикистон мӯътақиданд Шӯҳрат Қудратов узви ин гурӯҳи сиёсӣ ва вакили мудофеи зиндонӣ авоили соли 2018 озод хоҳад шуд.
Ба гузориши сайти ҳизби Сотсиал-демократи Тоҷикистон, Раҳматуллоҳ Зоиров, раиси ин ҳизб ва вакили мудофеи Шӯҳрат Қудратов гуфтааст, вай авоили соли 2018 бо поёни ҳукми се солу ҳашт моҳи маҳкумияташ аз зиндон озод хоҳад шуд.
Аъзои хонаводаи Шӯҳрат Қудратов мегӯянд, аз замони дақиқи озодии ӯ хабар надоранд ва аз моҳи январи соли 2015 низ натавонистаанд аз мақомоти додгустарӣ иҷозаи мулоқот бо ин вакили мудофеи зиндониро дарёфт намоянд.
Шӯҳрат Қудратов яке аз се вакили мудофеи Зайд Саидов фаъоли бахши хусусӣ ва раиси зиндонии ҳизби сабтиномнашудаи Тоҷикистони нав аст, ки моҳи июли соли 2014 кормандони Ожонси давлатии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон ӯро ба иттиҳоми дарёфти ришва боздошт карданд.
Додгоҳи шаҳри Душанбе моҳи январи соли 2015 Қудратовро ба 9 сол зиндон маҳкум кард, аммо ба далели эътирози вакили мудофеъ, иттиҳоми кулоҳбардории молӣ аз парвандаи вай ҳазф ва муддати маҳкумияташ ба се солу ҳашт моҳ коҳиш дода шуд.
Раҳматуллоҳ Зоиров раиси ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ва вакили мудофеи Шӯҳрат Қудратов мегӯяд, муваккилаш бар асоси қонуни афви умумӣ дар ин кишвар, ки ба муносибати биступанҷумин солгарди истиқлоли ин ҷумҳурӣ дар соли 2016 иҷроӣ гардид, мебоист озод мешуд.
Бар асоси қонуни афви умумии соли 2016 зиндониёне, ки то поёни муддати маҳкумияти онон ду сол боқӣ монда буд, озод шуданд, вале Шӯҳрат Қудратов, ки то поёни давраи маҳкумияташ як солу 9 моҳ боқӣ монда буд, шомили қонуни афв нашуд.