Нақзи ҳуқуқи шаҳрвандон бо бозгушоии марокизи таҳсилӣ дар рӯзи Иди Қурбон
Устоди риштаи рӯзноманигорӣ ва коршиноси масоили сиёсӣ дар Тоҷикистон мӯътақид аст, тасмими Вазорати маориф ва илм ин кишвар, ки рӯзи аввали моҳи сентябр ва иди Қурбонро оғози соли таҳсилии ҷадид дар марокизи омӯзишии ин ҷумҳурӣ эълом кардааст, нақзи ҳуқуқи шаҳрвандон мебошад.
Ҷовид Муқим дар сафҳаи шахсии худ дар шабакаи иҷтимоии “Фейсбук”, навишт: “Модоме, ки дар Қонуни асосии Тоҷикистон рӯзҳои иди Фитр ва Қурбон таътили расмӣ мебошад ва дар тақвими кишвар низ ин ду рӯз ба унвони рӯзҳои ғайрикорӣ сабт шудаанд, иқдоми ахири Вазорати маориф ва илм ба бозгушоии мадорис ва донишгоҳҳо дар рӯзи иди Қурбон, нақзи ҳуқуқи шаҳрвандон аст”.
Вай таъкид мекунад, ки банди дуввуми Қонуни асосии Тоҷикистон, ки дар бораи рӯзҳои ид дар ин кишвар аст, ба сароҳат эълом мекунад: «Иди Қурбон ҳамасола дар рӯзе, ки аз сӯи мақомоти масъули умури дин муқаррар карда мешавад, таътили расмӣ мебошад.»
Ҷовид Муқим ин саволро матраҳ кардааст, ки оё Қонун асосӣ, мусаввабаи парлумони Тоҷикистон, ки ба имзои раисиҷумҳури ин кишвар дар мавриди рӯзҳои ид ва таътилоти расмӣ муҳим аст, ё дастури Вазорати маориф ва илм?
Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, рӯзи аввали моҳи сентябр ва иди Қурбонро дар ҳоле оғози соли таҳсилии ҷадид дар марокизи омӯзишии ин кишвар эълом кардааст, ки дар манотиқи мусулмоннишини Русия, назири ҷумҳуриҳои Тотористон, Бошқирдистон, Доғистон ва Чечен, ки рӯзи аввали моҳи сентябр бо оғози соли таҳсилии ҷадид ва иди Қурбон ҳамзамон шудааст, рӯзи аввали фаъолияти марокизи омӯзиширо ба душанбе, чаҳоруми сентябр мунтақил кардаанд.