Сафари фармондеҳи кулли Ситоди Артиши Покистон ба Душанбе
Генерал Қамар Ҷовид Боҷво, фармондеҳи кулли Ситоди Артиши Покистон дар садри як ҳайати низомӣ барои сафари серӯза ва дидор бо мақомоти низомии Тоҷикистону Чин вориди Душанбе шуд.
Генерал Боҷво, бинобар эъломи манобеи покистонӣ, дар ин сафар масоили марбут ба ҳамкориҳои низомӣ-амниятӣ, омӯзиши низомиёни Тоҷикистон, таъмини амнияти минтақаӣ, ҳамкорӣ дар заминаи мубориза бо терроризму гурӯҳҳои салафиро бо мақомҳои Тоҷикистону Чин мавриди баррасӣ қарор хоҳад дод. Баррасии вазъияти амниятӣ дар Афғонистон мавзӯи аслии музокироти мақомоти се кишвар, Чин ва Тоҷикистону Покистон эълом шудааст.
Он чӣ беш аз ҳар мавзӯи дигаре таваҷҷуҳи таҳлилгаронро ба худ ҷалб мекунад, он аст, ки сафари болотарин мақоми низомии Покистон ба Тоҷикистон пас аз эъломи стратегияи ҷадиди Амрико дар қиболи Афғонистон ва эъломи Кохи Сафед мабнӣ бар хориҷ нашудан аз Афғонистон, ҳатто афзоиши нерӯҳои амрикоӣ дар ин кишвар сурат мегирад; амре, ки нишондиҳандаи нигарониҳои жарфи Покистон аз сиёсатҳои ҷадиди Вашингтон аст. Пеш аз ин мақомоти Амрико борҳо бо эъломи ин ки бархе аз ниҳодҳои амниятии Покистон аз Толибон дар Афғонистон ҳимоят мекунанд, хостори фишори бештар ба Покистон барои ҷилавгирӣ аз ҳимояти Исломобод аз гурӯҳҳои террористӣ шуда буданд.
Дидори сеҷонибаи мақомоти Чин, Покистону Тоҷикистон дорои абъоди дарҳамтанида аст. Аз як тараф бо таваҷҷуҳ ба рақобатҳои ҷиддии миёни Ҳинду Покистон нақшофаринӣ Ҳинд дар Афғонистон барои ин кишвар ғайриқобили қабул аст. Аз сӯи дигар рақобатҳои иқтисодии танготанги Амрикову Чин ва талоши ҳарду барои дастёбии ҳарчӣ бештар ба бозорҳои минтақа, ба Покистону Тоҷикистон нақши муҳиме дар сиёсати хориҷии Чин доштааст. Дар он сӯи ин иртиботи сеҷониба ба назар мерасад, мавқеияти геополотикии Тоҷикистон барои Исломобод бисёр муҳим аст ва Покистон мекӯшад, равобити низомию амниятии худро бо Душанбе густариш диҳад. Вуҷуди гурӯҳҳои террористию ифротгаро низ боис шуда, то Тоҷикистон ба навъе дар пайи эҷоди равобити низомию амниятӣ бо Чину Покистон барояд ва суботу амнияти кишвари худро таъмин кунад.
Бо вуҷуи ин ҳама ангезаҳои ҳар яке аз тарафҳо он чӣ дар зеҳни сиёсатмадорони Покистони мегузарад, дар ин ҷумлаи мунташирнамудаи Вазорати умури хориҷии Покистон инъикос ёфтааст: «Стратегияи ҷадиди Амрико дар қиболи Афғонистон ба маънои нодида гирифтани нақши Покистон дар мубориза бо терроризм аст ва ин кишварро нигарон кардааст». Шакке нест, стратегияи ҷадиди Амрико, вуҷуди рақибони минтақаӣ ва ба таври куллӣ нигарониҳои муштараки амниятӣ боиси афзоиши ҳамкориҳои чандҷонибаи сиёсию амниятии миёни Тоҷикистон, Покистон ва Чин шудааст. Аммо он чӣ беш аз ҳар чизи дигаре барои мақомоти Исломобод метавонад роҳкушо бошад, таомули ҷиддӣ бо қудратҳои минтақаӣ, бавижа ҳамсоягон аст; амре, ки метавонад роҳҳалҳои бисёреро барои рафъи мушкилоти эҳтимолии ношӣ аз коршиканиҳои Вашингтон пешорӯйи Исломобод қарор диҳад.