Август 29, 2017 09:04 Asia/Dushanbe
  • Пирӯзии духтарони футболисти эронӣ муқобили тоҷикистониҳо

Духтарони навҷавони футболисти эронӣ дар бозӣ муқобили тими Тоҷикистон, ин тимро дар хонааш бо се гол шикаст доданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дидори тимҳои миллии футболи духтарони зери 15 соли Эрону Тоҷикистон аз силсилаи мусобиқоти футболи CAFA-U 15 аз соати 21-и дишаб дар шаҳри Душанбе оғоз шуд, ки дар нимаи нахусти ин бозӣ ду тараф ба тасовӣ бидуни гол ризоят доданд.

Аммо дар нимаи дувуми духтарони зери 15 соли Эрон бо натиҷаи се бар як тими мизбонро аз пеши рӯ бардоштанд.

Дар дигар бозии баргузоршуда дар ин рақобатҳо низ тими Ӯзбакистон тавонист бо натиҷаи се бар сифр баробари Қирғизистон ба пирӯзӣ бирасад.

 Дар идомаи ин бозиҳо имрӯз тимҳои Ӯзбакистону Эрон аз соати 18 ба вақти Душанбеву Тоҷикистону Қирғизистон аз соати 21 ба масофи якдигар мераванд.

 

Барчасп