Август 29, 2017 09:21 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши тавлиди ангиштсанг дар Тоҷикистон ба беш аз 910 ҳазор тон

Вазорати саноат ва фанновариҳои нави Тоҷикистон эълом кард, ки тавлиди ангиштсанг дар ин кишвар имсол аз 910 ҳазор тон фаро рафтааст.

Ба гузориши сайти Вазорати саноат ва фанновариҳои Тоҷикистон, ин мизон тавлиди ангиштсанг дар ҳашт моҳи гузашта дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл 175 ҳазор тон афзоишро нишон медиҳад.

Дар соли 2016 дар Тоҷикистон тавлиди ангиштсангсанг ба як миллиону 300 ҳазор тон расид, ки дар торихи муосири Тоҷикистон рекорд маҳсуб мешавад.

Мақомоти Вазорати саноат ва фанновариҳои ҷадиди Тоҷикистон эълом кардаанд, ки дар соли 2018 тавлиди ангиштсанг дар ин кишвар ба ду миллион тон мерасад.

Бар асоси ин гузориш танҳо барои фаъолияти марказҳои гармоишӣ дар Тоҷикистон солона ба захирасозии наздик ба як миллион тон ангиштсанг ниёз аст.

Ба далели набуди гази табиии дохилӣ ва қатъи содироти ин навъи сӯхт аз сӯйи Ӯзбакистон ба Тоҷикистон, акнун беш аз 200 корхонаву маркази тавлидӣ дар ин кишвар аз ангиштсанг ба унвони сӯхти аслӣ истифода мекунанд.

 

Барчасп