Август 29, 2017 09:49 Asia/Dushanbe
  • Боздошти як зани тоҷик бо фарзандаш дар марзи Украина ва Лаҳистон

Хадамоти марзбонии Украина аз боздошти як зани тоҷик бо фарзандаш дар марзи Украина ва Лаҳистон хабар додаанд.

Ба гузориши сайти Хадамоти давлатии марзбонии Украина, ин шаҳрванди 48 солаи Тоҷикистон ба ҳамроҳи писари 9 солааш қасд дошт ба сурати ғайриқонунӣ аз Украина ба Лаҳистон биравад, ки аз суйи марзбонони украинӣ боздошт шуд.

Андрей Димченко, сухангӯи Хадамоти давлатии марзбонии Украина гуфтааст, ки ба эҳтимоли қавӣ ангезаи ин хонаводаи тоҷик барои убури ғириқонунӣ аз марзи Украина ва вуруд ба Лаҳистон, ёфтани маҳалли муносибе барои зиндагӣ дар қаламрави кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо будааст.

Димченко аз ташкил ва ирсоли парвандаи ин зан ва фарзандаш ба додгоҳ ба иттиҳоми убури ғайриқонунӣ аз марз хабар дод ва афзуд, муҷозоти ин иқдом ҷаримаи молӣ ва ё 15 шабонарӯз ҳабс хоҳад буд.

Вай дар айни ҳол таъкид кард, ки бар асоси қонунҳои Украина агар ин зан ба иттиҳомоти сиёсӣ аз сӯйи мақомоти амниятии кишвараш таҳти пайгард бошад, муҷозот нахоҳад шуд.

Бино бар омори ироашуда аз суйи Хадамоти марзбонии Украина дар шаш моҳи нахусти имсол марзбонони ин кишвар аз 10 маврид талоши шаҳрвандони Тоҷикистон барои убури ғариқонунӣ аз марз ва вуруд ба қаламрави кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо ҷилавгирӣ кардаанд.

Аз сӯи дигар, мақомоти Лаҳистон эълом кардаанд, ки дар соли 2016 ба 539 шаҳрванди Тоҷикистон мақоми паноҳндагии сиёсӣ эъто кардаанд ва дархости беш аз 3 ҳазор шаҳрванди тоҷикистонӣ низ дар ин замина рад шудааст.

 Коршиносон иллати аслии афзоиши тақозои паноҳандагии тоҷикон дар кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупоро ташдиди бархурдҳои ҳукумати Тоҷикистон бо мухолифони сиёсие ҳамчун аъзо ва фаъолони Ҳизби мамнуаи наҳзати исломӣ ва Гурӯҳи - 24 унвон мекунанд, ки дар 2 соли ахир сахттар шудааст.

 

Барчасп