Шаҳрванди Тоҷикистон гумонбари ҳамла ба консулгарии Амрико дар Санкт Петербург
Мақомоти пулиси шаҳри Санкт Петербурги Русия ба думболи пайдо кардани як шаҳрванди Тоҷикистон мебошанд, ки гумонбари ҳамла ба консулгарии Амрико дар ин шаҳр мебошад.
Ба гузориши сойти «Росбалт», шаби гузашта аз дохили як мошини "Мерседес” ба сӯи бинои консулгарии Амрико дар шаҳри Санкт Петербург, ранг партоб кардаанд ва иддао мешавад, ки молики ин мошин як шаҳрванди 32 солаи Тоҷикистон мебошад.
Ба гуфтаи мақомоти пулис, дар пайи ин иқдом бахше аз бинои консулгарии Амрико дар шаҳри Санкт Петербург ва як худрави хидматии ин намояндагӣ, ранг олуд шудааст. Акнун ба иттиҳоми авбошӣ алайҳи ин фарди гумонбар парвандат ҷиноӣ ташкил шудааст. Аммо мақомотт пулиси шаҳри Санкт Петербург эълом кардаанд, ки дар манзили маскунии фарди гумонбар дар хиёбони наздик ба бинои консулгарии Амрико дар шаҳри Санкт Петербург, касеро пайдо накардаанд ва талош барои ёфтани ин шаҳрванди Тоҷикистон идома дорад.
Феълан аз эъломи номи ин шаҳрванди Тоҷикистон худдорӣ мешавад.