Муҷозоти 25 корманди пулиси Тоҷикистон ба иттиҳоми дарёфти ришва
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон 25 корманди идороти роҳнамои ронандагӣ (Бозрасии давлатии автомобили ВКД)-ро дар пайи интишори мақолаи як аксбардор ва гардишгари турк, ба далели дарёфти ришва аз гардишгарони хориҷӣ муҷозот кардааст.
Ба гузориши сойти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, бо баррасии мақолаи Меҳмет Генҷ, аксбардор ва сайёҳи турк, ки таҳти унвони “Ҳеч пулисе ба ғайр аз Тоҷикистон ба думболи ришва нест”, ки ахиран дар Интернет мунташир шудааст, барои 25 нафар аз кормандони идораи роҳнамоӣ ронандагии ин кишвар муҷозоти интизомӣ таъйин кард.
Дар пайи таҳқиқи ин шикоят мушаххас шудааст, ки теъдоде аз кормандони ин ниҳод дар шаҳри Душанбе, вилояти Хатлон, минтақаи Кӯлоб ва ноҳияи Дарвоз дар вилояти Бадахшон, қонунро нақз карда ва муттаҳам ба талош барои дарёфти ришва аз гардишгарони хориҷӣ будаанд. Аз ин рӯ, барои 25 корманди ин вазорат, муҷозоти интизомӣ муқаррар карда шудааст. Аммо дар ин гузориш дар бораи навъи муҷозоти пулисҳои мутахаллиф ишорае вуҷуд надорад.
Қаблан низ Вазорати умури дохилии Тоҷикистон؟ чанд корманди худро ба иттиҳоми талош барои дарёфти ришва аз гардишгарони қазоқистонӣ дар шаҳри Душанбе аз кор барканор карда буд. Ин дар ҳоле аст, ки ахиран як донишманди олмонӣ низ ки ба унвони гардишгар ба Тоҷикистон омадааст, аз талоши кормандони пулиси ин кишвар барои дарёфти ришва аз вай, матлаберо мунташир кардааст.