Август 30, 2017 10:38 Asia/Dushanbe
  • Сафири Амрико аз Тоҷикистон меравад

Элизабет Миллард, сафири Амрико дар Душанбе маъмурияти худро дар ин кишвар поён медиҳад.

Ба гузориши сайти " Озодагон ", Элизабет Миллард ба мансаби мудири Дафтари масоили Аврупо ва Евразияи вазорати хориҷаи Амрико таъйин шудааст.

 То кунун сафири нави Амрико дар Тоҷикистон муаррифӣ нашудааст, аз ин рӯ Кевин Коверт, муовини раҳбари намояндагии дипломатии Амрико дар Тоҷикистон дар набуди сафир ба унвони кордори ин сафорат фаъолият хоҳад кард.

Хонуми Миллард 14-уми декабри соли 2015 ба унвони сафири Амрико дар Душанбе мансуб шуд.

Дар даврони маъмурияти Миллард, Амрико ва Тоҷикистон ҳамкориҳои худро дар чорчуби 5+1 тақвият карданд.

Ду кишвар ҳамчунин 25 солагии муносибатҳои дипломатии худро ҷашн гирифтанд ва дар заминаи тақвияти ҳамкориҳо дар бахшҳои илму маориф, пизишкӣ, тиҷорӣ, кишоварзӣ ва низомӣ гомҳои таъсиргузореро бардоштанд.

 

Барчасп