Август 31, 2017 09:06 Asia/Dushanbe
  • Таъхир дар ифтитоҳи нахустин полоишгоҳи нафти Тоҷикистон барои бори чаҳорум

Мушкилоти молӣ ифтитоҳи нахустин полоишгоҳи нафти Тоҷикистон дар Минтақаи озоди иқтисодии Данғара, дар вилояти Хатлонро барои бори чаҳорум бо таъхир рӯбарӯ кард.

Ба гузориши сайти “Авесто”, мудирияти ин Минтақаи озоди иқтисодӣ дар баёнияе эълом кардааст, ки ба далели таъмин нашудани эътибороти молии мавриди ниёзи ин тарҳ аз сӯйи “Агроинвестбонк” ифтитоҳи марҳилаи нахусти ин полоишгоҳ барои бори чаҳорум ба таъхир меафтад.

Бар асоси барнома қарор буд ширкати чинии муҷрии сохти нахустин полоишгоҳи нафти Тоҷикистон то 9 –уми сентябри соли 2016 ва солгарди истиқлоли ин кишвармарҳилаи нахусти ин полоишгоҳро ба баҳрабардорӣ расонад.

Бо ин ҳол ин замон баъдҳо ба моҳи март ва сипас июни имсол гузошта шуд, аммо бо наздик шудан ба поёни тобистон низ имкони баҳрабардорӣ аз ин полоишгоҳ фароҳам нашуд.

Иллати ин таъхир ҳар бор таъмин нашудани манобеи молии мавриди ниёзи ширкати чинии муҷрии тарҳ эълом шудааст.

 Бо ифтитоҳи марҳилаи нахусти полоишгоҳи нафти Данғара дар вилояти Хатлони Тоҷикистон заминаи тасфия (полоиш)-и 500 ҳазор тон нафт дар сол фароҳам хоҳад шуд ва бо такмили он Тоҷикистон метавонад солона як миллион тон нафти хомро дар ин полоишгоҳ тасфия кунад.

Тарафи чинӣ барои сохти ин полоишгоҳ 450 миллион доллар ихтисос додааст.

 

 

Барчасп