Сафари раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ба Чин барои ширкат дар иҷлоси БРИКС
(last modified Thu, 31 Aug 2017 08:38:06 GMT )
Август 31, 2017 13:38 Asia/Dushanbe
  • Сафари раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ба Чин барои ширкат дар иҷлоси БРИКС

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон барои ширкат дар нуҳумин нишасти сарони кишварҳои узви БРИКС озими Чин шуд.

Дафтари матбуоти раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзи чаҳоршанбе (30 август) эълом кард, Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар садри ҳайате озими Чин шуд то дар нуҳумин нишасти сарони кишварҳои узви БРИКС ширкат кунад.

Нигоҳе ба ҳайати ҳамроҳи Раҳмон дар сафар ба Чин ҳокӣ аз аҳдофи мухталифи раҳбари тоҷик аз ҳузури муштоқона дар ин иҷлос аст. Ҳузури вазири умури хориҷа, мушовири раиси ҷумҳур дар умури равобити хориҷӣ, вазирони иқтисод ва тиҷорат, энержӣ ва захираҳои об, дороӣ, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва раиси Академияи улум дар ҳайати эъзомии Тоҷикистон ба Чин нишон медиҳад, ки раиси ҷумҳурии ин кишвар умеди зиёде ба ҳамкорӣ бо ин ниҳод бастааст.

Пеш аз ин, расонаҳо эълом карданд Си Ҷин Пинг раиси ҷумҳурии Чин ҳамтои тоҷикистонии худро ба ин ҳамоиш даъват карда буд. Ин нишаст қарор аст аз севум то панҷуми моҳи сентябр дар шаҳри Сямини устони Футсзяни Чин баргузор шавад ва азимати Эмомалӣ Раҳмон ба Чин ҳокӣ аз он аст, ки тарафи тоҷик аз ҳузур дар ин нишаст нимнигоҳе ба тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба бо кишварҳои узви ин ниҳод ва аз ҷумла Чин дорад. Ба вижа, ки БРИКС блоки иқтисодӣ ва тиҷорие аст, ки аз кишварҳои Бразилия, Русия, Ҳиндустон, Чин ва Африқои Ҷанубӣ, ки дорои иқтисоди рӯ ба тавсиа ҳастанд, ташкил шудаанд ва раҳбарони он мӯътақиданд, ки БРИКС номи гурӯҳе барои раҳбарии қудратҳои иқтисоди навзҳур аст.

Агарчи гурӯҳи БРИКС-ро метавон як бошгоҳи иқтисодӣ бо гароишоти сиёсӣ донист, аммо воқеият он аст, ки кишварҳои узви БРИКС фақат кишварҳои дар ҳоли тавсиа маҳсуб намешаванд, балки қутбҳои аслии сохтори чандқутбии ҷаҳон ҳастанд. Аз ин рӯст, ки бозигароне назири Тоҷикистон бемайл ба тақвияти муносиботи худ бо кишварҳои гурӯҳи БРИКС ва ин ташаккул навпо ва тозаворид ба ҷомеаи байналмилалӣ нест. Аммо воқеият он аст, ки Тоҷикистон замоне ба фикри таомули ҳар чӣ бештар бо ин гурӯҳ афтодааст, ки ҳар як аз аъзои гурӯҳи БРИКС даст ба гиребони мушкилоти мутааддиди дохилӣ ҳастанд, ки бахши умдаи он низ дар меҳвари шароити иқтисодӣ давр мезанд. Ин дар ҳолест, ки камтарин таваққӯи Тоҷикистон аз аъзои БРИКС додани кумакҳои иқтисодӣ ба ин ҷумҳурӣ аст.

Аммо оё дар шароите, ки гуфта мешавад кишварҳои узви гурӯҳи БРИКС дорои ниме аз ҷамъияти ҷаҳон ҳастанд ва бо чолишҳои мутааддиде дар заминаи коҳиши фақр ва ҳифзи муҳити зист рӯбарӯ ҳастанд ва низ коҳиши рушди иқтисодӣ ба шохисаи аслии ин гурӯҳ дар солҳои охир табдил шудааст, метавонад ба Тоҷикистон кумаке кунанд?

Бархе мӯътақиданд, бо таваҷҷӯҳ ба иқтисоди кӯчаки Тоҷикистон ва саҳми андаки ин ҷумҳурӣ дар муносиботи иқтисодии калони ҳар як аз аъзои БРИКС, ин кишвар митавонад бо вуҷуди ҳамаи мушкилоти пеши рӯйи кишварҳои узви ин гурӯҳ ба дарёфти кумакҳо ва роҳкорҳои ин кишварҳо барои тақвияти бунияи иқтисодии худ умедвор бошад. Аммо мавзӯи нигаронкунанда назди мақомоти тоҷик он аст, ки интизори Тоҷикистон аз кишварҳое, ки худ бо чолишҳое назири бекорӣ ва таваррум мувоҷеҳ ҳастанд ва амалан дастхуши бетаҳаррукӣ дар тавсиаи тиҷорат шудаанд ва ё нигаронии иқтисоди инқибозӣ доранд, то куҷо метавонад бошад?

Шароите, ки метавонад ҳамаи умеди тарафи тоҷик ба дарёфти кумак аз аъзои БРИКС-ро ба ноумеди табдил кунад, гумонае, ки набуди замонсанҷии дуруст дар арзёбии раҳбарони тоҷик барои тарҳи таваққӯот ва хостаҳои худ аз блокҳои иқтисодӣ, аз ҷумла БРИКС метавонад онро то ҳудуде таъйид кунад.