Давлатҳои Амрикои Лотин ҳамалоти режими саҳюнистӣ зидди Эронро маҳкум карданд
Июн 15, 2025 13:32 Asia/Dushanbe
Порс Тудей - Давлатҳои Амрикои Лотин, ҳамалоти террористии режими саҳюнистӣ алайҳи Эронро маҳкӯм ва бо Ҷумҳурии Исломии Эрони ибрози ҳамбастагӣ карданд.
Мигел Диас-Канел, раисиҷумҳури Куба аз тариқи ҳисоби корбарии худ дар шабакаи иҷтимоии Х эълом кард: Мо ҳамалоти Исроил алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эронро, ки ба таври ғайримасъулонае танишҳоро дар Ғарби Осиё афзоиш медиҳад ва сулҳу амнияти байналмилалӣ ва минтақаиро бо авоқиби ғайриқобили пешбинӣ ба хатар меандозад, маҳкӯм мекунем. Вазорати умури хориҷаи Венесуэла низ таҷовузи низомии номашрӯъ, ғайриқобили тавҷеҳ ва ноқизи қавонини байналмилалӣ тавассути Исроил алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эронро қотеъона маҳкум кард. /ИРНА