Холиқназаров: Тоҷикистон ба Чин вобаста нест
(last modified Thu, 31 Aug 2017 15:20:30 GMT )
Август 31, 2017 20:20 Asia/Dushanbe
  • Холиқназаров: Тоҷикистон ба Чин вобаста нест

Раиси Маркази таҳқиқоти стратегии Тоҷикистон аз Чин ба унвони шарики стратегии кишвараш ёд кард.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Худойберди Холиқназаров гуфт, равобити 25 солаи Душанбе ва Пекин собит карда, ки Чин дар воқеъ шарики стратегӣ барои Тоҷикистон будааст.

Холиқназаров тавофуқномаи интиқоли лӯлаи газ аз тариқи Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбакистон ба Чинро аз муҳиммтарин тарҳҳои иқтисодии минтақа донист, ки бо сармоягузорӣ ва мушорикати тарафи чинӣ қарор аст, иҷро шавад.

Вай қарзи беш аз як миллиард долларии хориҷии Тоҷикистон ба Чинро ба маънии вобастагии Душанбе ба Пекин надонист ва гуфт: «ин афкори коршиносони ғарбӣ аст, байни ғарбиҳо ва Чин рақобат вуҷуд дорад ва ғарбиҳо талош мекунанд, дар фазои иттилоотӣ таблиғ кунанд, ки Чин барои кишварҳои минтақа хатар аст, аммо худашон ҳеҷ коре барои Тоҷикистон анҷом намедиҳанд.»

Худойберди Холиқназаров ҳамчунин бо ишора ба густариши ҳамкории низомии Пекин ва Душанбе гуфт, Тоҷикистон сиёсати дарҳои бозро ихтиёр кардааст ва натанҳо бо Чин, балки бо кишварҳои дигар, аз ҷумла Русия ва Амрико ҳамкории низомӣ дорад ва размоиш низ анҷом медиҳад.

Холиқназаров бо таъкид бар ин, ки Тоҷикистон ҳеҷ имтиёзе ба Чин надодааст, гуфт, ҳадафи эътилофи ахир Чин- Тоҷикистон- Афғонистон ва Покистон, интиқоли бесуботӣ ва террорзм аз Афғонистон ба Осиёи Марказӣ ва амният дар минтақа мебошад.