Сентябр 04, 2017 16:36 Asia/Dushanbe
  • Қарзи 79 миллион долларии Чин барои сохти хатти интиқоли барқи Тоҷикистон

Чин бо имзои тавофуқномае бо Тоҷикистон 79 миллион доллар ба сохти хатти интиқоли барқи 500 киловаттӣ дар атрофи шаҳри Душанбе, ихтисос дод.

Ба гузориши хабаргузории Форс, шаби гузашта мақомоти вазоратҳо энержии Тоҷикистон ва Бонки Содирот ва воридоти Чин тавофуқномае имзо карданд, ки бар мабнои он, Чин барои иҷрои тарҳи хатти интиқоли неруи барқ дар атрофи шаҳри Душанбе ба Тоҷикистон 79 миллион доллар қарз медиҳад.

Ин тавофуқнома дар ҳузури Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, Абдуссалом Қурбониён, вазири дороии ин кишвар ва Sun Ping, муовини раиси Бонки Чин имзо шуд.

Ҳамчунин дар ҳузури Раҳмон тавофуқномаи ҳамкории илмӣ ва фанноварӣ байни Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистон ва муассисаи таҳқиқоти илмии Академияи кишоварзии Чин ба имзо расид.

Ахиран дар чорчуби сафари расмии раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Чин низ мақомоти ду кишвар 24 санади ҳамкорӣ имзо карданд.

 

Барчасп