Дидори раисиҷумҳури Тоҷикистон бо нахуствазири Таиланд
(last modified Wed, 06 Sep 2017 05:41:26 GMT )
Сентябр 06, 2017 10:41 Asia/Dushanbe
  • Дидори раисиҷумҳури Тоҷикистон бо нахуствазири Таиланд

Раисиҷумҳури Тоҷикистон ва нахуствазири Таиланд аз сатҳи ҳамкориҳои сиёсӣ байни Тоҷикистон ва Таиланд ибрози ризоят карданд.

Ба гузориши дафтари матбуотии раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар дар ҳошияи иҷлоси кишварҳои дар ҳоли тавсеа бо кишварҳои узви “БРИКС” дар Чин, бо Прают Чан-Оча, нахуствазири Таиланд дидор ва зимни баррасии чашмандози ҳамкориҳои дуҷониба, бар густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷорӣ, сармоягузорӣ, гардишгарӣ ва омӯзишу парвариш таъкид кард.

Дар поён раисиҷумҳури Тоҷикистон аз нахуствазири Таиланд барои сафар ба кишвараш даъват кард.

Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Чин басар мебарад, дар ҳошияи Иҷлоси кишварҳои дар ҳоли тавсеа бо кишварҳои узви “БРИКС” бо раисони ҷумҳурии Русия, Миср, Бразилия, Мексика, Африқои Ҷанубӣ ва нахуствазири Ҳинд низ дидор ва гуфтугӯ кард.