Сентябр 07, 2017 10:34 Asia/Dushanbe
  • Туркия 20 шаҳрванди Тоҷикистонро аз фурудгоҳ ба кишварашон бозгардонд

Мақомоти Туркия ахиран ба 20 нафар аз шаҳрванди Тоҷикистон иҷозаи вуруд ба ин кишварро дар фурудгоҳи байналмилалии Истанбул надода ва онон ба кишваршон бозгардонда шудаанд.

Ба гузориши сайти “ТОП.тҷ”, ин афрод мегӯянд барои пайдо кардани кор ба Туркия сафар карда буданд, аммо мақомоти ин кишвар бидуни ҳеҷ тавзеҳе ононро бо парвози ҳавопаймоҳои ширкати “Сомон-Эйр” дубора ба Тоҷикистон фиристодаанд.

 Теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ахиран аз фурудгоҳи Истанбул дар чанд марҳила ба кишвар бозгардонда шудаанд ба 20 нафар мерасад.

Мақомоти ширкати “Сомон-Эйр” низ бо таъйиди ин маворид гуфтаанд, ки дар се парвози ахир 20 шаҳрванди Тоҷикистонро аз фурудгоҳи Истанбул дубора ба Душанбе овардаанд, дар ҳоле ки ин кор ба нафъи онон нест ва касе ё ниҳоде ҳазинаи билети баргашти ин афродро пардохт намекунад.

Аз сӯйи дигар як мақоми ҳукуматӣ дар Тоҷикистон бидуни ифшои номи хеш гуфтааст, ки далели умдаи ихроҷи шаҳрвандони ҷӯёи кори тоҷик аз Туркия мулоҳизоти амниятӣ аст.

Ба гуфтаи ин мақоми тоҷик, ҳамчунин маъмулан шаҳрвандони Тоҷикистон дар фурудгоҳи Истанбул иброз медоранд, ки бо худ 100 ё 200 доллар доранд, дар ҳоле ки барои зиндагӣ дар Туркия бояд рӯзона ҳадди ақал 50 доллар ҳазина кард, ки ин мавзӯъ мақомоти амниятии туркро дар бораи аҳдофи сафари шаҳрвандони Тоҷикистон дучори тардид мекунад.