Сентябр 07, 2017 17:02 Asia/Dushanbe
  • Таътилии 3 рӯза дар Тоҷикистон ба муносибати ҷашни Истиқлол

Ба муносибати ҷашни Рӯзи истиқлоли Тоҷикистон, аз 9 то 11 сентябр дар ин кишвар таътили расмӣ аст.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, раиси Федеросюни Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Исмоил Файзизода гуфт, бар тибқии модаи 89-и Қонуни кори ҷумҳурии Тоҷикистон, агар рӯзи таътил дар ин кишвар бо рӯзи ҷашн тадохул пайдо кунад, ин рӯз таътил ба аввалин рӯзи корӣ интиқол дода мешавад.

9 сентябр солрӯзи ҷашни истиқлоли Тоҷикистон имсол бо рӯзи шанбе, ки таътили расмӣ аст, мусодиф шуда аз ин рӯ, рӯзи душанбе 11 сентябр таътил эълом шудааст.

Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 пас аз суқути Шӯравӣ ба истиқлол даст ёфт ва аз ин таърих ҳамасола ба унвони Рӯзи истиқлоли ин кишвар таҷлил мешавад.

 

Барчасп