Сентябр 13, 2017 10:45 Asia/Dushanbe
  • Сафари раисҷумҳури Тоҷикистон ба ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи имрӯз ба ноҳияи Шамсиддини Шоҳин, ноҳияи марзии ин кишвар бо Афғонистон сафар кард. Раисҷумҳури Тоҷикистон дар ин сафар зимни баҳрабардорӣ аз чандин тарҳи саноатӣ ва тавлидӣ бо мардуму мақомоти маҳаллӣ дидор хоҳад кард.

Тибқи иттилои дафтари матбуотии раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон зимни сафар ба ноҳияи Шамсиддини Шоҳин сохтмони шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар ин минтақаи марзӣ ва низ роҳи Шӯробод-Шоҳонро ифтитоҳ кард.  Ин роҳ вилоятҳои Хатлону Кӯҳистони Бадахшонро ба ҳам мепайвандад.

Ноҳияи марзии Шамсиддини Шоҳин ба далели воқеъ шудан дар имтидоди марзи муштараки Тоҷикистон бо Афғонистон бо мушкилоти мутааддиде чун қочоқи маводи мухаддир, марзшиканӣ ва гаравгонгирии шаҳрвандони Тоҷикистон аз сӯйи қочоқчиёни афғон мувоҷеҳ аст. Раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи имрӯз эълом кард, 30 дарсад аз кулли маводи мухаддири кашфу забтшуда дар ин кишвар дар ноҳияи марзии Шамсиддини Шоҳин кашфу мусодира мешавад.

 

Барчасп