Август 15, 2016 09:38 Asia/Dushanbe
  • Мутаваққиф шудани парвози ҳавопаймоҳои Туркия ба Хуҷанд

Ширкати ҳавопаймоии "Туркиш Эйрлайнс" парвози ҳавопаймоҳои мусофирбарӣ дар масири Истанбул-Хуҷандро мутаваққиф кард.

Ба иттилои сайти Toptj, ин ширкати ҳавопаймоии туркияӣ парвоз дар масири Истанбул-Хуҷандро, ки як сол қабл ифтитоҳ шуда буд, то моҳи сентябри соли ҷорӣ мутаваққиф кардааст.

Бар асоси ин гузориш, кормандони дафтари ширкати ҳавопаймоии "Туркиш Эйрлайнс" дар шаҳри Душанбе хабари мутаваққиф шудани парвози ҳавопаймоҳои ин ширкат ба Хуҷанди Тоҷикистонро тайид кардаанд.

Бо ин ҳол теъдоде аз фурӯшандагони билети ҳавопаймоҳои ширкати "Туркиш Эйрлайнс" иллати мутаваққиф шудани парвоз дар масири Истанбул-Хуҷандро иқтисодӣ унвон кардаанд, чун ин афрод наметавонанд ҳазинаҳои молии ин хатти парвозиро ҷуброн кунанд. Зеро теъдоди мусофирон барои парвоз аз Хуҷанд ба Истанбул ва билъакс кам мебошад ва аз нигоҳи иқтисодӣ ба сарфа нест.

Ширкати ҳавопаймоии "Туркиш Эйрлайнс" рӯзи 3-и августи соли гузашта нахустин парвози худро дар масири Истанбул-Хуҷанд анҷом дод ва ҳар ҳафта ду парвоз миёни ин ду шаҳр анҷом мешуд. Дар он замон эълом шуда буд, ки роҳандозии парвози мустақим миёни Истанбул-Хуҷанд ба дархости бозаргонони вилояти Суғд анҷом шудааст, ки сафар ба Туркия барои онон аз тариқи шаҳри Душанбе замонбар ва бо ҳазинаи изофӣ ҳамроҳ буд.

Дар ҳоле, ки қиммати билет барои як мусофир дар парвози Душанбе-Истанбул 600 евро буд, ин қиммат дар масири Хуҷанд-Истанбул 330 евроро ташкил медод.