Финляндия ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ бо Тоҷикистонро баррасӣ мекунад
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i23153-Финляндия_ҳамкориҳои_иқтисодӣ_ва_тиҷорӣ_бо_Тоҷикистонро_баррасӣ_мекунад
Раиси Палатаи саноат ва савдои Тоҷикистон ва сарконсули Финляндия дар Қирғизистон роҳҳои густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷории дуҷонибаро баррасӣ карданд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Сентябр 17, 2017 10:13 Asia/Dushanbe
  • Финляндия ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ бо Тоҷикистонро баррасӣ мекунад

Раиси Палатаи саноат ва савдои Тоҷикистон ва сарконсули Финляндия дар Қирғизистон роҳҳои густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷории дуҷонибаро баррасӣ карданд.

Ба гузориши сайти Палатаи саноат ва савдои Тоҷикистон, дар дидори Шариф Саид ва Петри Нуминнен, ки барои ошноӣ бо тавонмандиҳои иқтисодии Тоҷикистон ба Душанбе омадааст, тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷории бахши хусусии ду кишвар мавриди баҳсу табодули назар қарор гирифт.

Сарконсули Финляндия дар Қирғизистон пешниҳод кард, дар авохири моҳи октябри имсол дар шаҳри Душанбе ҳамоиши муштараки фаъолони иқтисодӣ ва тиҷории Финляндия ва Тоҷикистон баргузор шавад, ки бо истиқболи раиси Палатаи саноат ва савдои Тоҷикистон рӯбарӯ шуд.

Шариф Саид таъкид кард, Тоҷикистон аз сармоягузории бахши хусусии Финляндия дар бахшҳои саноат, ҳамлу нақл, энержӣ, беҳдошт ва дармон, омӯзиш ва парвариш ва кишоварзӣ ҳимоят хоҳад кард.

 Сарконсули Финляндия дар Қирғизистон ҳам бо ишора ба зарфиятҳои фаровони Тоҷикистон барои ҳамкории дуҷониба гуфт, метавон бо баргузории ҳамоиши муштараки фаъолони иқтисодӣ ва тиҷории ду кишвар дар Душанбе, заминаи имзои чанд созишномаро барои баррасии бахши хусусӣ аз талаботи бозор фароҳам кард.