Август 15, 2016 13:56 Asia/Dushanbe
  • Сармоягузории Русия дар Тоҷикистон коҳиш намеёбад

Коршиноси аршади иқтисодии рус гуфт: Сармоягузории Русия дар Тоҷикистон коҳиш намеёбад.

Ба иттилои Ирно, Элина Козмина, муовини тавсеаи иқтисоди кишварҳои пасошӯравии Донишгоҳи иқтисоди Академияи улуми Русия дар гуфтугӯ бо хабаргузории Спутники Русия афзуд: Русия дуввумин шарики сармоягузории Тоҷикистон баъди Чин аст ва Тоҷикистонро шарики роҳбурдии худ дар ҳамкориҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ медонад, аз ин рӯ ҳамкориҳо ва мубодилоти бозаргонӣ бо ин кишварро афзоиш хоҳад дод.

Ин коршиноси аршади иқтисодии рус бо баёни инки иқтисоди Тоҷикистон аз соли 2000 нисбатан батаври собит тавсеа ёфтааст, гуфт: Маҷмуи тавлиди маҳсулоти дохилии ин кишвар низ ба тадриҷ афзоиш ёфт батавре, ки арзиши тавлидоти дохилии ин кишвар аз 4.1 миллиард доллар дар соли 2000 ба 9.2 миллиард доллар дар соли 2014 расид.

Козмина афзуд: Буҳрони ҷаҳонии иқтисод дар соли 2015 ҳаҷми маҳсулоти дохилии Тоҷикистонро ба 7.9 миллиард доллар коҳиш дод.

Козмина тасреҳ кард: 52 давлат бо Тоҷикистон мубодилоти тиҷорӣ доранд ва дар ин миён Чин бо ҳаҷми 53.4 дарсад, Русия 19 дарсад, Қазоқистон 4 дарсад ва Туркия 6.8 дарсад ба тартиб бештарини мубодилоти тиҷориро ба худ ихтисос додаанд.

 

Барчасп