Пас аз ҷашну маросимҳо азодорӣ ҳам танзим шуд
Маркази исломшиносӣ, Кумитаи давлатии умури дин ва Шӯрои уламои исломии Тоҷикистон китоби "Тартиби маросими азодорӣ ва таъзия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро мунташир карданд.
Ба гузориши хабаргузории “Ховар”, ин китобро Маркази исломшиносӣ, Кумитаи давлатии умури дин ва Шӯрои уламои исломии Тоҷикистон пас аз тасвиби қонуни ҷадид дар робита ба танзими маросиму ҷашнҳо дар парлумони ин кишвар мунташир карданд. Ин китобро, ки дар он муқаррароти маросими азодорӣ ва таъзия таъйин шудааст, интишороти “Шарқи озод” ба теъдоди 500 ҳазор нусха мунташир кардааст.
Бар асоси муқаррароти қонуни ҷадид, дар маросими азодорӣ доду фиғон ва навҳа кардан, бар сару сурат задан, хок бар сар пошидан ва даъват ба навҳакунӣ мамнӯъ аст, аммо гиристан дар тӯли давраи азодорӣ иҷоза дода мешавад. Тибқи ин муқаррарот, сӯгворон ба ҷойи пӯшидани либоси сиёҳ бояд либосҳои кабуд бар тан кунанд. Ҳамчунин бар асоси яке аз бандҳои ин қонун, рафтани занон ба маҳалли иқомаи намози ҷанозаву қабристон мамнӯъ аст ва иқомаи намози ҷаноза танҳо бар уҳдаи имомхатибону имомони масоҷиди маҳаллӣ ба тартиби муқарраршуда дар мазҳаби ҳанафӣ муҷоз аст.
Расми азодорӣ барои аҳли хонавода ва наздикони майит танҳо ба муддати се рӯз муқаррар шуда, ҳама маросими дафн ва азодорӣ, аз ҷумла маросими рӯзи сеюм, чиҳилум ва сол бояд бидуни забҳи ҳайвонот ва омода кардани ғизо анҷом шавад.