Сентябр 20, 2017 09:06 Asia/Dushanbe
  • Ноҳамхонии рушди ҷамъият ва барномаи иштиғолзоӣ дар Тоҷикистон

Ҷамъияти Тоҷикистон дар 25 соли ахир се баробар шудааст.

Ба гузориши “Спутник”, шумори мизони таваллуд дар Тоҷикистон аз соли 2008, 16 дарсад афзоиш ёфта ва ҷамъияти ин кишвар ҳамакнун ба беш аз 9 миллион нафар расидааст.

Аммо Бонки Ҷаҳонӣ таъкид мекунад, ки миёни суръати афзоиши ҷамъият ва барномаи иштиғолзоӣ дар Тоҷикистон, тавозуне вуҷуд надорад ва мизони корофаринӣ ба маротиб камтар аз рушди ҷамъият аст.

Анвар Бобоев, мудири пешини Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон мӯътақид аст, ки бо миёнгини рушди солона беш аз 2 дарсади ҷамъияти ин кишвар, ҳамасола байни 150 то 180 ҳазор нерӯи кори ҷадид вориди бозори кор мешавад, ки танҳо 40 ҳазор нафар аз ин афрод метавонанд барои худ шуғл пайдо кунанд.

Бобоев афзуд, мутобиқи гузоришҳои расмӣ ҳарсол дар Тоҷикистон наздик ба 100 то 150 ҳазор шуғл эҷод мешавад, вале бештари ин машоғил мавсимӣ ва муваққатӣ аст ва ин мавзуъ мӯҷиб мешавад, бештари ҷавонони тоҷик барои пайдо кардани кор ба хориҷ ва бавижа Русия бираванд.

Мудири пешини Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, яке аз роҳҳои ҳалли мушкили бекорӣ дар ин кишварро узвияти Тоҷикистон дар Иттиҳодияи иқтисодии Евразия медонад, ки заминаи ҳаракати озоди нерӯи корро дар қаламрави ин иттиҳодия фароҳам месозад.

 

Барчасп