Сентябр 20, 2017 10:01 Asia/Dushanbe
  • Эмомалӣ Раҳмон дар Созмони Милал: Мо тоҷикон қадри сулҳро медонем

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфт, мо тоҷикон қадри сулҳ ва зарурати ҳифз онро амиқан дарк мекунем.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон дишаб дар суханронии худ дар нишасти Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид, хитоб ба ҷомеаи ҷаҳонӣ, бар зарурати муборизаи ҷиддӣ бар зидди гурӯҳҳои террористӣ ва ифротӣ, бавижа дар кишвари ҷангзадаи Афғонистон таъкид кард.

Эмомалӣ Раҳмон бо ишора ба вуҷуди 1400 километр марзи муштараки Тоҷикистон бо Афғонистон афзуд, имрӯз комилан возеҳ аст, ки сулҳу суботи пойдор дар Афғонистон, омили калидии таъмини амният дар ҳавзаи Осиёи Марказӣ ва ҷанубӣ аст.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин ҳаллу фасли сиёсии масъалаи Кореяи Шимолиро хостор шуд.

Эмомалӣ Раҳмон дар айни ҳол бар зарурати эҷоди ислоҳоти фарогир дар сохтори Созмони Милал таъкид ва ҳимояти худро аз ҳузури кишварҳои дар ҳоли рушд дар Шӯрои амният эълом кард.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар бахши поёнии суханронии худ дар иҷлоси Созмони Милал, барномаҳои ҳукумати ин кишварро барои ҳифзи манобеи обӣ ташреҳ ва аз ҷомеаи ҷаҳонӣ барои идомаи ин раванд, дархости таваҷҷуҳи вижа ва кӯмак кард.

 

Барчасп