Сентябр 21, 2017 11:07 Asia/Dushanbe
  • Боздошти се сокини ноҳияи Ашт ба иттиҳоми узвият дар гурӯҳи Салафия

Мақомоти амниятии вилояти Суғд се сокини ноҳияи Аштро ба иттиҳоми узвият дар гурӯҳи мамнӯаи Салафия боздошт карданд.

Ба гузориши сайти “Ахбор”, ахиран се нафар аз сокинони рустои Сарой, дар ноҳияи Ашт, ки гуфта мешавад синни онон зери 30 сол аст, ба иттиҳоми узвият дар гурӯҳи мамнӯаи Салафия боздошт ва барои бозҷӯӣ ба шаҳри Хуҷанд, маркази вилояти Суғд мунтақил шудаанд.

Аз сӯйи дигар, дар моҳи июни имсол мақомоти амниятӣ аз боздошти 16 нафар аз сокинони ин минтақа ба иттиҳоми узвият дар гурӯҳи мамнӯаи Салафия хабар дода буданд.

Ҳамчунин дар оғози имсол Додгоҳи ноҳияи Ашт чаҳор нафар аз сокинони ин минтақаро ба иттиҳоми узвият дар гурӯҳи мамнӯаи Салафия ба чаҳор то шаш сол зиндон маҳкум карда буд.

То мамнӯъ шудани фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар соли 2015 ноҳияи Ашт яке аз пойгоҳҳои муҳими ин гурӯҳ дар вилояти Суғд ба ҳисоб меомад, аммо пас аз мамнӯъ шудани фаъолияти ин ҳизб аксари аъзо ва ҷонибдорони он ба ҳамроҳи хонаводаҳои хеш ба хориҷ ва ба вижа ба Русия рафтаанд.

Дар ҳоли ҳозир дар ноҳияи Ашт низ барномаи фишор ба ҷавонони дорои ришу бонувони дорои пӯшиши исломӣ афзоиш ёфтааст.