Сентябр 24, 2017 11:15 Asia/Dushanbe
  • Баррасии боздошти коргарони муҳоҷири тоҷик дар Маскав

Дар дидори сафири Тоҷикистон дар Маскав бо муовини вазири умури хориҷаи Русия, мавзуи боздошти ахири теъдоди зиёде аз коргарони муҳоҷири тоҷикистонии шоғил дар маркази тиҷории Маскав, мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ба гузориши сомонаи “Ахбор”, дар пайи даргирии ахир дар маркази тиҷории Маскав ва ба шиддат латту куб шудани Наврӯз Зикиров як коргари тоҷикистонӣ дар ин марказ, ки акнун дар бимористон бистарӣ мебошад ва эътирози тоҷикон ба ин иқдом, ки мӯҷиби боздошти густурдаи ин афрод шудааст, Имомуддин Сатторов, сафири Тоҷикистон дар Русия ва Григорий Карасин, муовини вазири умури хориҷаи ин кишвар ба баррасии ин мавзӯъ пардохтанд.

Зеро акнун беш аз 350 коргари муҳоҷири тоҷик, ки ба нишони эътироз ба латту куби ҳамватани хеш дар маркази тиҷории Маскав таҷамуъ карда буданд, аз сӯи неруи вижаи пулиси пойтахти Русия боздошт шудаанд, ки ба бисёре аз ин афрод ба иттиҳоми авбошӣ ва баҳам задани амнияти умумӣ хатари ихроҷ аз Русия ба муддати 5 сол таҳдид мекунад.

Ба таври ҳамзамон Шӯрои ҳуқуқи башари Русия аз генерал Олег Баранов, раиси пулиси Маскав дархост кардааст, ки ин қазияро мунсифона мавриди баррасӣ қарор диҳад. Гуфта мешавад, ки Наврӯз Зокиров як корги тоҷикистонии маркази тиҷории Маскав, аз сӯи нигаҳбонони ин бозор ба баҳонаи пардохт накардани муҷаввиз интиқоли бор ба шиддат мавриди латту куб қарор гирифтааст, ки бо эътирози густурдаи дигар тоҷикон мувоҷеҳ шуда ва мӯҷиби боздошти ин афрод мегардад.