Сентябр 24, 2017 12:22 Asia/Dushanbe
  • Боздошти як зан дар вилояти Бадахшон ба иттиҳоми интиқоли маводи мухаддир

Равобити умумии идораи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар вилояти Бадахшон, аз боздошти як зани 38 солаи сокини ноҳияи Ишкошим ва ду ҳамдасти вай, ба иттиҳоми қоҷоқи 1кг ҳашиш хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории “Ховар”, ахиран кормандони ин ниҳод хонум София Муҳаммадшоеваро ҳангоми вуруд ба шаҳри Хоруғ, маркази вилояти Бадахшони Тоҷикистон боздошт карданд, ки қасд дошт 1кг ҳашишро аз ноҳияи Ишкошим ба ин шаҳр мунтақил кунад.

Ин зан дар бозҷӯиҳои аввалия эътироф кардааст, ки ин миқдор маводи мухаддирро ба вай ҳамсараш Замон Миравазбеков дода ва дархост кардааст, ки бо интиқоли 1кг ҳашиш ба шаҳри Хоруғ ин маводро ба 2 нафар аз сокинони маркази Бадахшон таҳвил диҳад. Мақомоти интизомӣ акнун бо боздошти ин афрод, алайҳи онон ба иттиҳоми мушорикат дар қочоқи маводи мухаддир парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд ва таҳқиқи ин моҷаро идома дорад. Вилояти Бадахшон яке аз масирҳои аслии интиқоли маводи мухаддир ба дохили Тоҷикистон ва Қиғизистон ба ҳисоб меояд.

Дар ин гузориш таъкид шудааст, ки дар ҳоли ҳозирдар қаламрави вилояти Бадахшони Тоҷикистон, ки минтақаи камҷамъияти кӯҳистонӣ аст, 806 нафар ба унвони муътод ба маводи мухаддир сабти ном шудаанд, ки 50 дарсади онон сокинони шаҳри Хоруғ мебошанд. Ҳамчунин тайи 2 соли ахир 106 нафар дар вилояти Бадахшон бар асари масрафи зиёди маводи мухаддир ҷони худро аз даст додаанд, ки 46 нафар аз онон сокинони шаҳри Хоруғ мебошанд.