Даргузашти хабарнигори тоҷик Даврон Ғуфронов
Хабарнигори шинохта шудаи тоҷик Даврон Ғуфронов баъд чанд моҳ даргирӣ бо беморӣ, дар сини 44 солагӣ аз олам чашм пӯшид.
Ба гузориши сойти “Ахбор”, маросими дафни Даврон Ғуфронов имрӯз(якшанбе) дар шаҳри душанбе баргузор мегардад.
Бар асоси ин гузориш, Даврон Ғуфронов чанд моҳи ахир ба иллат бемории ихтилоли аъсоб дар вазъияти баде қарор дошт ба тавре, ки дасту пояш 80 дарсад аз кор афтода ва тавони ҳарф заданро ҳам то 70 дарсад аз даст дода буд.
Даврон Ғуфронов дар “Радиои Тоҷикистон”, “Садои Душанбе” , хабаргузории “Азия-Плюс” ва дар охири умр бо нашрияи “Озодагон” ҳамкорӣ мекард.
Иршод Сулаймонӣ, сардабири нашрияи “Озодагон”, даргузашти Даврон Ғуфроновро дар сини ҷавонӣ хабари бисёр такондиҳанда хонда ва навиштааст, мутаассифона талошҳои мо ва умеде, ки мехостем муштаракан ба он бирасем дар баробари марг оҷиз монд.
Радио тоҷикии Садои Хуросон даргузашти шодравон Даврон Ғуфроновро ба хонаводаи он марҳум ва ҷомеаи расонаии Тоҷикистон таслият мегӯяд.