Коршиноси тоҷик: Мехоҳанд аз Ҳалимов Бин Лодани наве бисозанд
(last modified 2017-09-25T11:57:53+00:00 )
Сентябр 25, 2017 16:57 Asia/Dushanbe
  • Коршиноси тоҷик: Мехоҳанд аз Ҳалимов Бин Лодани наве бисозанд

Коршиноси тоҷик гуфт, қудратҳои ҷаҳонӣ мехоҳанд, аз Гулмурод Ҳалимов, генерали фирории тоҷик, Усома Бин Лодани ҷадиде дуруст кунанд.

Ба нақл аз хабаргузории Форс, Нуралӣ Давлат, коршиноси тоҷик дар нишасте матбуотӣ гуфт: Абарқудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақаӣ ба хусус Амрико барои пиёда кардани манофеи худ омода ҳастанд, Гулмурод Ҳалимов, генерали фирории тоҷикро ба хабарсозтарин чеҳра табдил кунанд ва аз ӯ Усома Бин Лодани ҷадиде бисозанд .

Ин коршиноси тоҷик бо ишора ба чандин бор эъломи хабари марги Ҳалимов дар расонаҳо ва сипас такзиби он гуфт: “Дар ҳоли ҳозир, Ҳалимов танҳо касест, ки ӯро монанди Бин Лодан мекушанд ва дубора зинда мекунанд. Фақат мушаххас нест, ки ин куштану зинда карданҳо то чи замоне идома пайдо ме‌кунад”.

Давлат бо баёни инки сарнавишти Ҳалимов, генерали тоҷики узви ДИИШ бо сарнавишти Усома Бин Лодан мушобеҳ аст, гуфт: Пас аз пайвастани Ҳалимов дар соли 2015 ба ДИИШ, Амрико омӯзиш дидани ӯро дар омӯзишгоҳҳои зидди террористии худ ба таври расмӣ тайид кард ва Ҳалимовро дар феҳристи душманони худ ворид намуд .

Ин коршиноси тоҷик афзуд: Тобистони соли 2016 Амрико барои аз байн бурдани Ҳалимов, ҷоизаи се миллион долларӣ таъин кард, аммо номи ҳеч нафари дигаре ба истиснои Абубакри Бағдодӣ, раҳбари ДИИШ ба андозаи Ҳалимов расонаӣ нашуд, шояд ба ин далел, ки мехоҳанд, аз Ҳалимов, устураи ҷадиде дуруст кунанд, ки касе ӯро намебинад .