Фуруди изтирории ҳавопаймои мусофирбарӣ дар фурӯдгоҳи Хоруғ
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i23585-Фуруди_изтирории_ҳавопаймои_мусофирбарӣ_дар_фурӯдгоҳи_Хоруғ
Ҳавопаймои “АН-28”-и ширкати “Тоҷик Эйр” пас аз чанд дақиқа парвоз аз фурӯдгоҳи шаҳри Хоруғ, маркази вилояти Бадахшон, дубора дар ин фурӯдгоҳ ба сурати изтирорӣ фуруд омад.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Сентябр 25, 2017 21:44 Asia/Dushanbe
  • Фуруди изтирории ҳавопаймои мусофирбарӣ дар фурӯдгоҳи Хоруғ

Ҳавопаймои “АН-28”-и ширкати “Тоҷик Эйр” пас аз чанд дақиқа парвоз аз фурӯдгоҳи шаҳри Хоруғ, маркази вилояти Бадахшон, дубора дар ин фурӯдгоҳ ба сурати изтирорӣ фуруд омад.

Ба нақл аз сомонаи Авесто, Азиз Хайруллоев, сухангуи ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр”, иллати нишасти изтирории ин ҳавопаймо дар фурӯдгоҳи шаҳри Хоруғро нақси фаннии яке аз муҳаррикҳои он эълом кардааст .

Хайруллоев гуфтааст, ки ин ҳавопаймо бо 25 мусофир пас аз бархестан аз фурӯдгоҳи шаҳри Хоруғ ба мақсади шаҳри Душанбе, дучори нақси фаннӣ шуд .

Мусофирони ин ҳавопаймо бо ҳамкории ширкати “Тоҷик Эйр” бо болгард ба Душанбе мунтақил шудаанд. Масири ҳавоии Душанбе ба Хоруғ аз печидатарин роҳҳои ҳавоии ҷаҳон ба ҳисоб меояд .

Қаблан низ мудирияти ширкати “Тоҷик Эйр”, иллати қатъи парвозҳои ин ширкат дар масири Душанбе ба Хоруғро мушкилоти фаннӣ дар ҳавопаймои “АН-28” эълом карда буд, ки ниёз ба таъмири асосӣ доштааст .

Шаҳри Хоруғ дар иртифои ду ҳазору 200 метрии сатҳи дарё воқеъ шудааст ва ба далели вуҷуди кӯҳистонҳои баланд дар масири Душанбе ба ин минтақа танҳо ҳавопаймоҳои “Як-40” ва “АН-28” метавонанд ба ин минтақа парвоз кунанд .