Сентябр 26, 2017 11:33 Asia/Dushanbe
  • Оё Тоҷикистон барои пайвастан ба шабакаи барқи Осиёи Марказӣ омодааст?

Бо вуҷуди тавофуқи мақомоти энержии кишварҳои Осиёи Марказӣ барои аз саргирии фаъолияти шабакаи воҳиди барқи ин минтақа ҳануз ҳам ин тавофуқнома ниҳоӣ нашудааст.

Ба нақл аз Азия-Плюс, дар пайи эъломи мақомоти Узбакистон дар бораи омодагии ин кишвар барои аз саргирии фаъолияти шабакаи воҳиди барқи Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон низ умедвориҳо ба манзури барқарории муҷаддади хутути интиқоли барқ ва содироти барқи ин кишвар ба хориҷ афзоиш ёфтааст .

Қаблан мақомоти Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон таъкид карда буданд, ки дар сурати фароҳам шудани заминаи тавофуқ барои аз саргирии муҷаддади фаъолияти шабакаи воҳиди барқи Осиёи Марказӣ омода ҳастанд, ба кишварҳои ҳамсоя аз ҷумла Узбакистон барқ содир кунанд .

Ҳомидҷон Орифов, дабири Кумитаи миллии Тоҷикистон дар умури сарбандсозӣ мегӯяд, ки барои содироти изофаи тавлиди барқи ин кишвар ба Узбакистон бояд 70 километр хутути тахрибшудаи интиқоли барқ дар дохили Узбакистон бозсозӣ шавад .

Дар соли 2009 мақомоти Тошканд ин хутутро, ки аз ду тариқи барқи Тоҷикистонро ба Узбакистон мунтақил мекард, тахриб карданд .

Ҳамчунин Камолиддин Сироҷиддинов, коршиноси умури барқ дар Тоҷикистон муътақид аст, ки барои барқарории дубораи хутути қаблии интиқоли барқи ин кишвар ба Узбакистон, Туркманистон ва Қазоқистон ба 3 сол замон ниёз аст .

Ба гуфтаи коршиносон, бо барқарории дубораи фаъолияти шабакаи воҳиди барқи Осиёи Марказӣ, Тоҷикистон метавонад дар тобистон беш аз 3 миллиард киловатт соат барқи изофии худро ба кишварҳои ҳамсоя содр ва дар зимистон аз ин кишварҳо барқ дарёфт ва камбуди барқи дохилиро дар зимистон ҷуброн кунад .

 

Барчасп