Сентябр 28, 2017 11:18 Asia/Dushanbe
  • Музокироти Тоҷикистон ва Қирғизистон барои аломатгузории марзи муштарак

Сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон ва муовини вазири умури хориҷаи ин кишвар дар дидоре дар Бишкек мавзӯи ҳамкориҳои дуҷониба ва аломатгузории марзи муштараки ин ду ҷумҳурии ҳамсояро баррасӣ карданд.

Ба гузориши “Спутник”, Сӯҳроб Олимзода, сафири Тоҷикистон дар Бишкек ва Динора Камолова, муовини вазири умури хориҷаи Қирғизистон дар бораи роҳҳои густариши ҳамкориҳои дуҷониба ва зарурати суръат бахшидан дар аломатгузории марзи муштараки ду кишвар баҳсу табодули назар карданд.

Ин дар ҳолест, ки дар пайи ду даҳа музокироти мақомоти ду кишвар бар сари ҳалли ихтилофоти марзӣ танҳо 520 километр аз марзи 721 километрии Тоҷикистон ва Қирғизистон аломатгузорӣ шудааст.

Ихтилофи Тоҷикистон ва Қирғизистон бар сари бархе аз манотиқи марзии ду кишвар дар вилоятҳои Суғд ва Ботканд, аз ҷумла мушкилоти тарафҳо барои дастёбӣ ба тавофуқи ҷомеъ дар ин замина мешавад.

Бар асоси марзбандиҳои даврони Шӯравӣ бархе аз манотиқи марзии ду кишвар ба таври мушаххас аломатгузорӣ нашуда ва акнун ба маншаи ихтилофи мақомоти Тоҷикистон ва Қирғизистон табдил шудааст.

Аз сӯйи дигар, бархе мақомҳои давлатӣ дар вилояти Суғд бар ин боваранд, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон метавонанд бо ивази замин дар манотиқи марзӣ, чанд рустои тоҷикнишин ва қирқизнишинро аз ҳолати муҳосира хориҷ кунанд ва ба ихтилофи сокинони ин рустоҳо бар сари роҳҳои иртиботӣ, манобеи об ва чарогоҳҳо поён диҳанд.

 Имрӯз Тоҷикистон бахши умдаи сӯхт, гандум ва орди мавриди ниёзи худро аз Қазоқистон ва аз тариқи роҳи заминии Қирғизистон ворид мекунад ва ҳалли ихтилофоти марзӣ бо ин кишвари ҳамсоя барои Душанбе аҳамияти зиёде дорад.

 

Барчасп