Август 16, 2016 09:52 Asia/Dushanbe
  • Идомаи сохти маркази барқу гармидиҳии

Пас аз боздиди нахуствазири Тоҷикистон аз раванди сохти марҳилаи дуввуми маркази барқу гармидиҳии "Душанбе-2", кор дар ин тарҳ дар се шифт (баст) идома дорад.

Ба гузориши "Азия плюс", Қоҳир Расулзода таъкид кардааст, ки барои баҳрабардории бамавқеи ин марказ, коргарон бояд кори сохтусозро дар се баст идома диҳанд.

Бар асоси тарҳи ҳукумати Тоҷикистон, қарор аст марҳилаи дуввуми ин марказ бо ҳадафи тавлиди барқ ва оби гарм барои сокинони шаҳри Душанбе авохири ин моҳ ба баҳрабардорӣ бирасад.

Бо такмили ин тарҳ, афзун бар имкони тавлиди 300 мегават барқ, оби гарми мавриди ниёзи мардуми шаҳри Душанбе таъмин хоҳад шуд.

Барои фаъолияти маркази мазкур ва тавлиди барқи шаҳри Душанбе, аз ангиштсанг ба унвони сӯхт истифода хоҳад шуд.

Шаҳрдории Душанбе низ ба сокинони пойтахти Тоҷикистон эълом кардааст, ки бо лӯлакашии хутути интиқоли оби гарм ба манозили маскунии худ, обгармкунҳои барқиро аз хонаҳояшон ҷамъ кунанд.

Дар даврони Шӯравӣ оби гарми мавриди ниёзи манозили маскунӣ ва корхонаҳои шаҳри Душанбе аз як маркази гармоишӣ  таъмин мешуд, ки бо тахриби он дар даврони ҷанги дохилии ин кишвар, сокинони пойтахти Тоҷикистон дар хонаҳояшон обгармкунҳои барқӣ насб карданд.