Додгоҳи аъзои ДИИШ дар Тоҷикистон
(last modified Fri, 29 Sep 2017 16:36:32 GMT )
Сентябр 29, 2017 21:36 Asia/Dushanbe
  • Додгоҳи аъзои ДИИШ дар Тоҷикистон

Додгоҳи олии Тоҷикистон теъдоде аз шаҳрвандони тоҷикро барои пайравӣ аз гурӯҳи ДИИШ равонаи зиндон кард.

Ба иттилои “Озодагон”, Шарифҷони Зокир, сокини 20-солаи шаҳри Қурғонтеппа дар омода намудани парчами “Давлати исломӣ”, куштор ва таркиши маргбори назди Прокуратураи ҳарбии Қӯрғонтеппа гунаҳкор дониста шуда ба ҳабси якумра маҳкум гардид.

Ҳамчунин ҳамроҳони ӯ, бародари Шарифҷон, Раҷабҷони Зокир 5 сол, Файзиев Равшан, 14 сол, Рустамҷон Амирхоҷаев 13 сол ва Саъдӣ Саидов 15 сол ҳукм гирифтаанд.  

Ҳукми ин афрод 28 август содир шуда ҳоло расонаӣ шудааст.

Миёни маҳкумшудагон Саъдӣ Саидов, сокини шаҳри Душанбе буда, боқимонда сокинони шаҳри Қӯрғонтеппа мебошанд.