Сентябр 29, 2017 22:27 Asia/Dushanbe
  • Нишасти мақомоти низомии кишварҳои Ҳамсуд дар Душанбе

Иҷлоси Кумитаи ҳамоҳангсози вобаста ба Шӯрои вазирони дифои кишварҳои ҳамсуд имрӯз дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Ба нақл аз хабаргузории Форс, дар ин нишаст, ҳайъатҳои Вазорати дифои кишварҳои Тоҷикистон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва дабирхонаи Шӯрои вазирони дифои кишварҳои узви Иттиҳоди Ҳамсуд ширкат карданд .

Дар ин иҷлос, бахши густардае аз масоили марбут ба таомули кишварҳо дар бахши омӯзиши низомӣ ва омодасозии кадрҳо барои нерӯҳои мусаллаҳ ва низ ҳамкориҳои байналмилалӣ барои таҳрики фаъолиятҳои омӯзишии донишҷӯёни муассисоти омӯзишии низомии кишварҳои зирабт, мавриди баҳсу табодули назар қарор гирифт .

Аъзои ин кумита ҳамчунин натоиҷи аввалияи даври чаҳоруми рақобатҳои байналмилалии корҳои илмӣ ва низомии донишҷӯёни донишгоҳҳои низомӣ ба муносибати бисту панҷумин солгарди таъсиси Шӯрои вазирони дифои кишварҳои Ҳамсудро баррасӣ карданд .

Натоиҷи ин рақобатҳо, ки ҳудуди 40 кор ба марҳалаи ниҳоии он роҳ ёфта, қарор аст, дар иҷлоси ин Шӯро дар моҳи октябри соли ҷорӣ дар Душанбе эълом шаванд .

Бо ибтикори Вазорати дифои Арманистон, иҷлоси баъдии Кумитаи ҳамоҳангсоз дар умури омӯзиши низомии кишварҳои Ҳамсуд қарор аст, дар соли 2018 дар Ереван баргузор шавад .

 

Барчасп