Бориши нахустин барф дар шимолӣ Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i23851-Бориши_нахустин_барф_дар_шимолӣ_Тоҷикистон
Нахустин барфи тирамоҳӣ дар ҳоле манотиқе аз Тоҷикистонро сафедпӯш кард, ки хилофи маъмули ҳамасола ин барф, на дар вилояти Бадахшон, балки дар бархе минтақоҳи шимоли кишвар борид.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Сентябр 30, 2017 22:10 Asia/Dushanbe
  • Бориши нахустин барф дар шимолӣ Тоҷикистон

Нахустин барфи тирамоҳӣ дар ҳоле манотиқе аз Тоҷикистонро сафедпӯш кард, ки хилофи маъмули ҳамасола ин барф, на дар вилояти Бадахшон, балки дар бархе минтақоҳи шимоли кишвар борид.

Ба гузориши "Спутник", сокинони маҳаллӣ мегӯянд, баландии барф дар Истаравшан ба 53 сантиметр расидааст.

Солҳои гузашта бориши зудҳангоми барф низ дида мешуд, аммо барф дар моҳи ноябр меборид.

Пеш аз ин Созмони обу ҳавошиносии Тоҷикистон, барои рӯзҳои 29-30 сентябр бориши борону барф пешбинӣ карда буд.

Ҳамчунин Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз резиши санг дар минтақаҳои кӯҳистонӣ ҳушдор додааст.