Сокинони Анзоб ҳамчунон мунтазири бунёди мактаби супоришии раисиҷумҳур
(last modified Mon, 02 Oct 2017 05:33:59 GMT )
Октябр 02, 2017 10:33 Asia/Dushanbe
  • Сокинони Анзоб ҳамчунон мунтазири бунёди мактаби супоришии раисиҷумҳур

Мактабе, ки сохти он дар соли 2012 бо дархости сокинони деҳаи Анзоби ноҳияи Айнии вилояти Суғд аз раисиҷумҳури Тоҷикистон оғоз шуда буд, ниматамом боқи мондааст.

Ба гузориши сомонаи “Ахбор”, панҷ сол қабл дар дидори Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Айнӣ сокинони деҳаи Анзоб аз ӯ дархост карда буданд, дастури сохти як мактабро барои донишомӯзони ин минтақаи кӯҳистонӣ содир кунад. Эмомалӣ Раҳмон низ бо ҳимоят аз ин дархост, дастури сохти мактабро содир кард ва аз оғози эҳдоси ин маркази омӯзишӣ гузорише дар телевизиони давлатии Тоҷикистон пахш шуд.

Аммо бо гузашти панҷ сол, акнун ин мактаб нотамом раҳо шуда ва ҳеҷ амалиёти сохту соз дар он мушоҳида намешавад, ҳол онки бар асоси дастури Эмомалӣ Раҳмон ин мактаб бояд дар соли 2013 ифтитоҳ мешуд.

Бобоҷон Бобоҷонов, мудири мактаби қадимии деҳаи Анзоб гуфтааст, ба далоили номаълум дар панҷ соли ахир дар сохти мактаби ҷадид ҳеҷ коре анҷом нашуда ва мушаххас нест, ки сохту сози ин маркази омӯзишӣ, чӣ замоне азсар гирифта хоҳад шуд.