Октябр 02, 2017 11:35 Asia/Dushanbe
  • Талош барои эҳёи парвозҳои мустақим миёни Тоҷикистон ва Озарбойҷон

Мақомоти ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар талош барои эҳёи парвозҳои мустақим миёни ду кишвар ҳастанд.

   Ба гузориши сомонаи Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон, ба тозагӣ ин мавзӯъ дар мулоқоти Рустам Солӣ, сафири Тоҷикистон дар Боку ва Ҷаҳонгир Аскаров, раиси ширкати хутути ҳавоии ҷумҳурии Озарбойҷон мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифтааст.

   Парвози ҳавопаймоҳо дар масири Душанбе-Боку дар таърихи 10 июли 2012 ифтитоҳ шуд, аммо бо таваҷҷуҳ ба камбуди мусофир ба ҳолати таълиқ даромад.

  Дар моҳи марти соли  2013 ин парвоз азсар гирифта шуд, аммо ба далели судовар набудан дубора таълиқ шуд.

 Сафири Тоҷикистон дар Боку, ҳамчунин дар дидор бо Гараев Абулфас, Вазири фарҳанг ва гардишгарии ҷумҳури Озарбойҷон масоили ҳамкориҳои фарҳангӣ, ҳунарӣ ва гардишгарӣ миёни ду кишварро баррасӣ кард.

 Тоҷикистон ва ҷумҳури Озарбойҷон аз рӯзи 29 майи соли 1992 равобити дипломатӣ барқарор кардаанд.