Се донишҷӯи мошинсавори тоҷик ихроҷ ме‌шаванд?
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i23935-Се_донишҷӯи_мошинсавори_тоҷик_ихроҷ_ме_шаванд
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон номи се донишҷӯро, ки бо мошини шахсӣ ба донишгоҳ мерафтанд, эълом кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Октябр 02, 2017 13:19 Asia/Dushanbe
  • Се донишҷӯи мошинсавори тоҷик ихроҷ ме‌шаванд?

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон номи се донишҷӯро, ки бо мошини шахсӣ ба донишгоҳ мерафтанд, эълом кард.

Ба нақл аз дафтари матбуотии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, Аслиддин Амирҷон, донишҷӯи соли севуми Донишгоҳи давлатии Аграрӣ, Нурибек Норматов, донишҷӯи соли дуюми Донишгоҳи давлатии Аграрӣ, ва Ислом Асролов, донишҷӯи соли дувуми Донишгоҳи тарбияи ҷисмонӣ ба номи Саидмуъмин Раҳимови шаҳри Душанбе, муттаҳам ба қонуншиканӣ шудаанд.

Бар асоси ислоҳоте, ки чанде пеш дар Қонуни танзими ҷашну маросим ворид карда шудаанд, рафту омади донишомӯзону донишҷӯён ба мактабу донишгоҳҳо бо мошини хусусӣ қатъан мамнуъ аст.

Барои чунин қонуншиканӣ, донишҷӯён аз донишгоҳҳо барои се сол ва донишомӯзони омӯзишгоҳу ҳунаристонҳо ва мактабҳо барои як сол аз муассисаҳои омӯзишӣ ихроҷ карда мешаванд.