Октябр 03, 2017 11:30 Asia/Dushanbe
  • Бобоёров ҷомеашиноси тоҷик дар Олмон мондагор шуд

Доктор Ҳафиз Бобоёров, ҷомеашиноси тоҷик ва корманди пешини Академияи илмҳои ин кишвар эълом кардааст, ки дар Олмон мемонад ва қасди бозгашт ба кишварашро надорад.

Ба нақл аз Toptj, вай, ки мунтақиди ҳамзамони ҳукумати Тоҷикистон ва мухолифони ин кишвар аст, ҳафти сол қабл дар Олмон аз рисолаи доктораии улуми фалсафаи худ дифоъ карда ва барои кор ба Тоҷикистон баргашта буд, вале акнун мегӯяд, шароити зиндагӣ кардан дар ватан барояш фароҳам нест .

Ин ҷомеъашинос дар як маркази пажуҳишӣ дар Олмон фаъолияти худро оғоз кардааст ва қасди бозгашт ба Тоҷикистонро надорад .

Ин дар ҳолест, ки дидгоҳҳои ин донишманди тоҷик дар бораи сиёсатҳои ҳукумати ин кишвар ва интиқодӣ аст ва вай замоне, ки мавзуи эътои унвони пешвои миллат ба Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон матраҳ шуд, бо ин иқдом мухолифат кард ва онро ғайридемократӣ хонд .

Бобоёров чанде қабл бо иҷроӣ шудани қонуни ислоҳшудаи танзими ҷашнҳо ва маросим дар Тоҷикистон, аз он интиқод карда буд .

Ӯ муътақид аст, дар ҷомеаи Тоҷикистон зан ҳадафи хушунат ва зӯргуӣ қарор мегирад, ки бояд чи либосе бипушад ва чи навъи пушиш барояш муҷоз нест.

Ба эътиқоди вай, дар ҳоли ҳозир дар ин кишвар шаҳрвандон барои навъи рафтори иҷтимоии худ муҷозот мешаванд ва сиёсат ва давлат ба мавзуи издивоҷ ва маросим маътуф шудаанд .

 

Барчасп