Боздошти як мақоми ҳукуматӣ дар Тоҷикистон
Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон аз боздошти Аскар Нурализода, сардори Раёсати таҳияи барномаҳои давлатии сармоягузориҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо иттиҳоми порагирӣ хабар дод.
Ба иттилои "Озодагон", 28 сентябри соли 2017 ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон шаҳрванд "А" бо ариза муроҷиат намуда, арз доштааст, ки муовини сардори Сарраёсат-сардори Раёсати таҳияи барномаҳои давлатии сармоягузориҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Нурализода Аскар Шералӣ барои дохил намудани лоиҳаи ташкил ва рушди соҳаи мурғпарварӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба барномаи давлатии сармоягузориҳо барои солҳои 2016-2020 ва барои ба номбурда ҷудо намудани маблағҳои грантӣ ба миқдори 10 миллион доллари ИМА, аз ӯ 10%-и маблағи ҷудошаванда, яъне 1 миллион доллар талаб кардааст: “Мувофиқи маслиҳати тарафҳо шаҳрванд «А» маблағи 500 000 долларро то иҷрои амали ваъдашуда ва қисми дигари он, маблағи 500 000 долларро бояд ба сифати пора ба Нурализода медодааст”.
Нурализода Аскар Шералӣ дар кўчаи Шамсии шаҳри Душанбе назди тарабхонаи "Афсона" дастгир карда шуд: “Далелҳои шайъӣ маблағи 490 000 доллари ИМА аз ў ёфта мусодира шуд”.
Ба иттилои манба, инчунин аз хонаи Нурализода дигар далелҳои шайъӣ, аз ҷумла 10 000 доллар, ки қаблан барои ин амал гирифта буд, дарёфт гардид.
Оҷонсии мубориза бо фасод афзуд, ки алайҳи Нурализода барои порагирӣ бо моддаи 319 қисми 4 бандҳои "в,г"-и Кодекси ҷиноӣ парванда оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад.