Октябр 04, 2017 10:12 Asia/Dushanbe
  • Сафорати Тоҷикистон дар Маскав латукӯби коргари муҳоҷирро пайгирӣ мекунад

Сафорати Тоҷикистон дар Маскав бо ирсоли ёддошти эътирозӣ ба Вазорати умури хориҷаи Русия, баррасии ҷиддии моҷарои латукӯби як коргари тоҷикистонӣ аз сӯйи нигаҳбонони Маркази тиҷории Маскавро хостор шуд.

Ба гузориши хабаргузории “Спутник”, дар ин ёддошти эътирозӣ таъкид шудааст, ки расидагӣ ба ин моҷаро бояд мунсифона бошад ва омилони латукӯби Наврӯз Зокиров, коргари муҳоҷири тоҷикистонӣ бояд боздошт ва муҷозот шаванд.

Дар ин ёддошт бо ишора ба таҷаммуи коргарони муҳоҷири тоҷик дар Маркази тиҷории Маскав дар эътироз ба латукӯби ҳамватанашон гуфта шудааст, ин таҷаммуъ ба боздошти густардаи ин афрод аз сӯйи нерӯи вижаи полиси Маскав мунҷар шудааст, ба тавре ки ҳамакнун беш аз 350 нафар аз онон дар боздошт ҳастанд.

Сафорати Тоҷикистон дар Маскав пеш аз ин аз созмонҳои коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ хост, ки оромиши худро ҳифз кунанд то мавзӯъ аз сӯйи ин сафорат пайгирӣ ва аз сӯйи ниҳодҳои қазоии Русия баррасӣ шавад.

 Наврӯз Зокиров, коргари тоҷикистонии шоғил дар Маркази тиҷории Маскав ба баҳонаи пардохт накардани ҳазинаи муҷаввизи интиқоли бор аз сӯйи нигаҳбонони ин бозор латукӯб шудааст.

 Дар ин даргирӣ вай захмӣ ва ба бемористон мунтақил шуд.

Дар эътироз ба ин ҳодиса, дигар шаҳрвандони муҳоҷири тоҷикистонӣ дар Маскав даст ба таҷаммуъ заданд, ки аз сӯйи полиси ин шаҳр боздошт шуданд.

Бисёре аз боздоштшудагон ба иттиҳоми авбошигарӣ ва барҳам задани амнияти умумӣ дар хатари ихроҷи 5 сола аз Русия ҳастанд.

 

Барчасп