Октябр 04, 2017 11:13 Asia/Dushanbe
  • 10 то 20 сол зиндон ба иттиҳоми узвият дар Ҳаракати исломии Узбакистон

Додгоҳи вилояти Суғд се сокини ин минтақаро ба иттиҳоми узвият дар гурӯҳи мамнуаи Ҳаракати исломии Узбакистон ва талош барои амалиёти террористӣ дар идораи полиси ноҳияи Ҷаббор Расулов ба зиндон маҳкум кард.

Ба гузориши “Азия плюс”, бар асоси ҳукми ин додгоҳ Шерзод Нурмуҳаммадов ба 20 соли зиндон ва Инъомҷон Саидмуродов ба ҳамроҳи Озодҷон Хоҷабердиев ба 10 соли зиндони низомаш сахт маҳкум шуданд.

Мирзошариф Ҳоҷизода, раиси Додгоҳи вилояти Суғд гуфтааст, ки Шерзод Нурмуҳаммадов дар соли 2005 ба созмони ифротии Ҳизб-ут - Таҳрир пайваста ва ба зиндон маҳкум шуда буд, аммо пас аз озодӣ дар муҳоҷирати корӣ ба Русия аз тариқи шабакаи иҷтимоии Whats App ба гурӯҳи мамнуаи Ҳаракати исломии Узбакистон пайваст ва соли 2016 барои таблиғи афкори ин созмони террористӣ ба вилояти Суғд бозгашт.

Инъомҷон Саидмуродов ва Озодҷон Хоҷабердиев низ ҳангоми ҳузур дар Русия ба унвони коргари муҳоҷир дар яке аз масҷидҳои Маскав бо фарде ба номи Абдураҳмон, ки ба истилоҳ амири Ҳаракати исломии Узбакистон буд, ошно шуданд ва ба ин гурӯҳ пайвастанд.

Ин ду нафар низ барои таблиғи афкори ин гурӯҳи террористӣ ба вилояти Суғд бозгашта буданд.

 Додгоҳи Олии Тоҷикистон фаъолияти Ҳаракати исломии Узбакистонро дар қаламрави ин кишвар ба унвони созмони террористӣ мамнуъ кардааст.

 

Барчасп