Зани коргари тоҷик: Худоро шукр аз ин дӯзах раҳо шудам
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i24111-Зани_коргари_тоҷик_Худоро_шукр_аз_ин_дӯзах_раҳо_шудам
Зани тоҷике, ки пас аз раҳоӣ аз бардагӣ дар манзили корфармои арабистонӣ дар роҳи бозгашт ба Тоҷикистон аст, зиндагӣ дар хонаи ин корфарморо ба дӯзах монанд кардааст.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Октябр 05, 2017 13:44 Asia/Dushanbe
  • Зани коргари тоҷик: Худоро шукр аз ин дӯзах раҳо шудам

Зани тоҷике, ки пас аз раҳоӣ аз бардагӣ дар манзили корфармои арабистонӣ дар роҳи бозгашт ба Тоҷикистон аст, зиндагӣ дар хонаи ин корфарморо ба дӯзах монанд кардааст.

Нурбибӣ Мансурова рӯзи чаҳоршанбе дар сӯҳбат бо радиои “Озодӣ” гуфт: “Худоро ҳазорон шукр, ки аз азоб халос шудам ва аз онҳое, ки барои озодии ман аз ин дузах саҳм гирифтанд, ташаккур мекунам”.

Ба гуфтаи Нурбибӣ Мансурова, ширкати “Имкон-2015” ӯро бо фиреб ба Арабистони Саудӣ фиристод ва ӯ дар он ҷо дар манзили як шаҳрванди арабистонӣ ба кор гирифта шуд.

Вай афзуд, ҳамсару духтари соҳиби хона мудом ӯро мавриди латукӯбу таҳқир қарор медоданд ва ӯ амалан дар ҳолати бардагӣ ба сар мебурд.

Ин зани ранҷдидаи тоҷик бо мусоидати Сафорати Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ аз бардагӣ наҷот ёфтаву дар садади бозгашт ба Тоҷикистон аст.

Ахиран Додситонии кулли Тоҷикистон алайҳи се ширкати корёбӣ, ки кори интиқоли коргарони тоҷикро ба хориҷ анҷом медоданд, ба иттиҳоми қочоқи инсон парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.