Эмомалӣ Раҳмон раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз 65 сола шуд
(last modified Thu, 05 Oct 2017 14:05:24 GMT )
Октябр 05, 2017 19:05 Asia/Dushanbe
  • Эмомалӣ Раҳмон раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз 65 сола шуд

Эмомалӣ Раҳмон, 5-уми октябри соли 1952 дар ноҳияи Данғараи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст.

Фаъолияти меҳнатиашро соли 1969, баъд аз хатми Омӯзишгоҳи касбию техникии № 40-и шаҳри Калининобод (ҳоло Сарбанд), ба ҳайси устои барқ дар Корхонаи равғанкашии шаҳри Қӯрғонтеппа шурӯъ намудааст.

Солҳои 1971-1974 дар Флоти уқёнуси Ором дар хизмати ҳарбӣ буд. Пас аз хизмати ҳарбӣ ба зодгоҳи худ баргашта, дар совхози ба номи Ленини ноҳияи Данғара кор кардааст.

Соли 1982 факултети иқтисоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намуд.

Солҳои 1976-1987 дар вазифаҳои котиби раёсат, раиси Кумитаи иттифоқҳои касабаи совхози ба номи Ленини ноҳияи Данғара буд. Сипас дар мақомоти ҳизбӣ фаъолият дошт.

Эмомалӣ Раҳмон сипас дар солҳои 1990 то 1992 намояндаи мардум дар Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (парлумон) буд.

Муддати кӯтоҳ устондори Кӯлоб буд ва дар нуздаҳуми ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони раиси ин шӯро интихоб шуд.

Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи рӯзи 6 ноябри соли 1994 ба унвони раисиҷумҳури Тоҷикистон интихоб ва пас аз он, низ дар интихоботи раёсатҷумҳурии солҳои 1999, 2006 ва 2013 дар ин мақом боқӣ монд.

Ҳамзамон, Эмомалӣ Раҳмон Раиси ҳукумати Тоҷикистон, Сарфармондеҳи нерӯҳои мусаллаҳ, Раиси Кумитаи миллии олимпӣ, Раиси Шӯрои амният, Раиси Шӯрои ҷамъиятӣ, Раиси Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон раиси Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон - "Пайванд", Роҳбари ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон мебошад.

Вай аз моҳи декабри соли 2015, бар асоси қонуни ҷадид, Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат эълон шуд.

Ин қонун ва тағйироти ахири он, Эмомалӣ Раҳмонро аз ҳаққи номаҳдуди ширкат дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ бархӯрдор кард.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон оиладор ва соҳиби нӯҳ фарзанд аст.